Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бартарӣ додан ба СММ дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, авлавият бахшидан ба санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, баррасӣ кардани мушкилоти вобаста ба фарқияти сатҳи зисти кишварҳои доро ва камбағал, ки ба яке аз сарчашмаҳои таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табдил ёфтааст, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, хусусан ахлоқи ҳамида аз таъсири зуҳуроти вобаста ба ҷаҳонишавӣ, дастҷамъона мубориза бурдан алайҳи хатару таҳдидҳои нав, зуҳуроти аҳриманӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, роҳандозии ҳамкориҳои самаранок дар ҳаллу фасли мушкилоти обию энергетикӣ, экологӣ, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти минтақа далели мавқеъгириҳои созандаи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳони муосир аст, ки обрӯву эътибори Эмомалӣ Раҳмонро дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва анҷумани давлатҳои мутамаддини сайёра боло бурдаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар муносибат бо давлатҳои гуногуни олам сиёсати «дарҳои боз»-ро ихтиёр намуд. Ин сиёсат моҳиятан ва амалан фарҳанги ҷадиди ҳамзистӣ бо ҷаҳони имрӯз аст, ки бо шарофати он Тоҷикистон тавонист дӯстону ҳамёрони зиёде дар ақсои олам пайдо карда, ҳамзамон манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд. Ин сиёсати мутавозину санҷидашуда имконият медиҳад, ки ҷумҳурӣ дар ҷодаи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии худ собитқадамона пеш рафта, дастнигари давлатҳои алоҳида набошад. Ин сиёсат шароит фароҳам меорад, ки ҷумҳурӣ барномаву нақшаҳои худро яке паси дигаре амалӣ намуда, дар ояндаи наздик дастовардҳои зиёдеро дар ҷодаи рушду инкишофи иқтисодӣ соҳиб гардад.
Роҳбари давлат кишварҳои оламро аз рӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва имкониятҳои ҳамкорӣ ба чанд ҳавза ҷудо намуда, бо ҳамаи онҳо муносибатҳои манфиатбахшро ҷараён медиҳад. Дар ин сиёсат кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, ҷаҳони Ғарб, олами ислом, давлатҳои алоҳида ба мисли Россия, Хитой, ИМА, Афғонистон, Эрон ва ғайра ҷойгоҳи худро дошта, муносибату ҳамкориҳо бо мазмуну мундариҷаи ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн роҳандозӣ мешаванд.
Роҳбари давлат ғамхорию садоқатро нисбати тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ арзонӣ дошта, ҳам тавассути ҳамкориҳо бо кишварҳои иқомати ҳамватанон ва ҳам туфайли Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё, ки раисии онро ба ӯҳда дорад, кӯшиш ба харҷ додаст, ки ваҳдати тоҷиконро дар паҳнои ҷаҳон таҳким бахшад, то тоҷикону ҳамватанон дар ҳар куҷое, ки набошанд, Тоҷикистонро чун хонаи умеди худ ҳисоб кунанд ва аз рӯҳияи хештаншиносӣ, мадори фарҳангу ҳувияти миллии худ дур набошанд. Иқдомоти меҳанпарастона ва ибтикороти миллатдӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини иттиҳоди тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон боис шуданд, ки шахсияти ӯ ба ҳайси пешвои тоҷикони ҷаҳон эътирофи комил пайдо намояд.

пешина
аз 228
навбатӣ