Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Кӯшишҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути фарҳанги оламгири халқи тоҷик шоистаи таҳсин аст. Дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургдошти фарзандони барӯманди миллат баргузор мешаванд, ки ба шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанг ва дороиҳои маънавии ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунанд. Ба ин маънӣ Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарваре дар таърихи навини тоҷикон маҳсуб мешавад, ки дар худшиносиву худогоҳии миллат марҳилаи комилан тозаеро эҷод намуд ва мақоми тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ рифъати воқеӣ бахшид.
Роҳбари давлат ба мақсади муваффақона роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷӣ асосҳои назариявию ҳуқуқии он ва сохторҳои марбутаро ташаккул дода, шароит фароҳам овард, ки чорабиниҳои ташрифотӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи муносиб баргузор шаванд. Дар Душанбе бинои Вазорати корҳои хориҷӣ қомат рост кард, дар хориҷи кишвар аксари сафоратҳо соҳиби иморатҳои худ гардиданд. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ шароит фароҳам меоварад, ки дипломатҳои тоҷик ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани корҳо ба хотири татбиқи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, ки бунёдгузор ва тарроҳи он барҳақ Эмомалӣ Раҳмон аст, фаъолияти худро густардатару сермаҳсултар ҷараён бахшанд.
Ҳамин тариқ, бо шарофати роҳбарӣ ва паҳнои тафаккури давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба рӯйдодҳои ҷумҳурӣ ва таҳаввулоти геополитикии замони муосир сиёсати хориҷии мутавозин ва доманадоре шакл гирифта такомул ёфт, ки барои ҳифзи манфиатҳои олии миллату давлат муваффақона хизмат мекунад.
Имрӯз тоҷикон ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоии сарвари хирадманди хеш Эмомалӣ Раҳмон мақом ва рисолати худро дар дунёи муосир пайдо намуда ва дар ҷодаи шинохти оламу оламиён гомҳои устувор ниҳодаанд, дарҳои пӯшида ва марзҳои бастаи худро ба истиқболи дӯстони дерин ва ҳамёрони навин боз кардаанд.
Имрӯз тоҷикон бо ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд.
Имрӯз овози тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо медиҳанд, иқдомот ва ибтикороти Роҳбари Тоҷикистон дар доираҳои бонуфуз ва мӯътабари сиёсати ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва таҳсин қарор гирифтааст.
Имрӯз парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пештоқи ниҳод ва созмонҳои бузурги минтақавиву байналмилалӣ парафшонӣ мекунад ва паёми дӯстиву ҳамкории миллати тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон интишор медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё