Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин ҳама сарфарозиҳо орзую ормони деринтизори мардуми тоҷик буд, ки пас аз фурӯпошии давлати Сомониёни дар тӯли беш аз ҳазор сол онро дар замири қалби худ мепарварид.
Ҳазорон шукр, ки имрӯз ин орзуву ормон бо ҳидояту роҳнамоии пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшидааст.
Ҳазорон шукр, ки имрӯз тоҷикон ба шарофати пайкорҳои сарнавиштсози фарзанди шарофатманди худ Эмомалӣ Раҳмон ба Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ расидаанд. Шукри ин Миллат, шукри ин Давлат, шукри ин Сарвар мебояд кард!

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
В-ар нагӯӣ, аз кафат берун кунад.
ҶИЛВАҲОИ ИХЛОСУ ИРОДАТ
БА ШАХСИЯТИ СИЁСӢ ВА ДАВЛАТМАДОРИИ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ТОМАС КЛЕСТИЛ
Президенти Австрия

Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов барои ҳаёти хуб дар оянда пойдевор гузоштааст. Ин пас аз оромии бебозгашт дар ҷумҳурӣ имконпазир шуд. Робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон жарфтар мегарданд.

13 апрели соли 1999

пешина
аз 228
навбатӣ