Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
КОФИ АННАН
Дабири Кулли СММ
Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон дод.
22 июни соли 1999 Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад.
26 июни соли 2000
ВЛАДИМИР ПУТИН
Президенти Федератсияи Россия
Эмомалӣ Раҳмонов дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меорад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад.
Ҳар он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст.
Соли 1999
Имрӯз муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар асоси принсипҳои шариконаи стратегӣ босуръат рушд ёфта истодаанд.
Итминон дорам, ки вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни Россия ва Тоҷикистон мусоидат ҳоҳад кард.
Бояд махсус қайд намоям, ки ҳамкориҳои созанда миёни Россия ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар ростои таҳкими суботу амният дар Осиёи Марказӣ нақши афзоянда ва назаррасро бозида, усулҳои ҳамоҳанги кишварҳоямон дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ барои рушди равандҳои ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД ва СҲШ хизмат менамоянд.
Сентябри соли 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё