Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

АҲМАД МУҲАММАД АЛӢ
Президенти Бонки исломии рушд

Мо ба сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмонов баҳои баланд дода, аз ҳамкориҳои Бонки исломии рушд бо
Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд ҳастем.

21 сентябри соли 2001
МАРТИН ЛИЗ
ректори Донишгоҳи сулҳи СММ

Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем.
Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад.

Ноябри соли 2002

пешина
аз 228
навбатӣ