Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ЖАК ШИРАК
Президенти Фаронса
Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеъгирии устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бар фарҳанги ғанӣ ва волои сиёсии миллати тоҷик асос ёфтааст, фаромӯш нахоҳад кард.
Соли 2002
ТОНИ БЛЭР
Нахуствазири Британияи Кабир
Робитаҳо миёни Шоҳигарии Муттаҳида ва Тоҷикистон дар вақтҳои охир ба марҳилаи нав ворид шуданд.
Воқеъаҳои 11 сентябр нишон доданд, ки проблемаҳо ва изтиробҳои Осиёи Марказӣ, хусусан он проблемаҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистон мавҷуданд, тавваҷҷӯҳи моро тақозо мекунанд. Ман он дастгириеро, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар мубориза бар зидди терроризм дар Афғонистон намуд, истиқбол намуда, барои он нақше, ки Тоҷикистон дар ростои расонидани кумак бозид, самимона миннатдорам.
Соли 2002
СЗЯН СЗЕМИН
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой
Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов дилпурона ба ҳазораи сеюм қадам мегузорад. Кӯшишҳои сарвари давлати тоҷикон барои мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо мамолики Осиё ба ҳамагон маълум аст. Мо ҳама тарафдори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем.
Соли 2002

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё