Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ҶОРҶ БУШ
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка
Мардуми Америка аз саҳми Тоҷикистон дар ростои мубориза бо терроризм сипосгузоранд. Ман хушҳолам, ки равобит байни кишварҳоямон мустаҳкамтар гардид ва умедворам мо дар якҷоягӣ барои пешрафт, озодӣ ва амнияти тамоми минтақа талошҳои худро идома хоҳем дод.
Соли 2002
Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз он ифтихор дорад, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шарики қавии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо аз дастгирии пайвастаи Шумо дар мубориза бо терроризм, истиқрори амният ва сулҳу субот дар Афғонистон ва дар маҷмӯъ дар минтақа, сипосгузорем.
Ман умедвори равобити жарфтар байни кишварҳоямон ҳастам ва ба мардуми Тоҷикистон ояндаи босубот ва демократиро орзумандам.
Сентябри соли 2006
ХУ ТСЗИНТАО
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой
Солҳои охир таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов дар кишвар ризоияти миллӣ муваффақона ба даст омад, иқтисод бемайлон рушд меёбад, робитаҳои берунӣ рӯз ба рӯз ҷоннок мегарданд, тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар рӯ ба инкишоф мебошанд. Мо аз ин дастовардҳо аз таҳти дил хушҳол ҳастем.
Сентябри соли 2003
Кишвари Шумо таҳти роҳбарии оқилонаатон дар давоми 19 соли охир муттасил тараққӣ ёфта, проблемаҳои ҳаёти худро бомуваффақият ҳал карда, дар сохтмони давлатӣ ва эҳёи миллӣ комёбиҳои бузург ба даст овард. Айни ҳол вазъи сиёсии кишвари Шумо комилан босубот буда, иқтисодиёти он муттасил тараққӣ мекунад, шароити зиндагии мардум торафт беҳтар мегардад ва равобити берунии мамлакататон бештар вусъат меёбад.
Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун кишвари ҳамсоя ва дӯст аз дастовардҳои Шумо хурсанд буда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи он муваффақиятҳои бузург орзу мекунад.
Сентябри соли 2010

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё