Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

АБДУЛЛО ИБНИ АБДУЛАЗИЗ ОЛИ САУД
Подшоҳи Арабистони Саудӣ

Мо Шуморо, ҷаноби Президент, дӯст медорем ва эҳтиром мекунем, зеро Шумо бо сиёсати хирадмандона ва аъмоли ҷасурона дар кишвари худ сулҳу суботро барқарор намудед ва миллати хешро аз шикаст ва марг наҷот додед.
Ба Шумо тақдири миллати бародари мо, ки бо таърихи қадим ва фарҳанги ғании худ машҳур аст, вогузор шудааст ва имрӯз ҳузури Шумо дар 10-умин вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ ин эҳтиром ба саҳми таърихии ҳамватанонатон мебошад.

17 октябри соли 2003
БОРИС ҚАНДОВ
Президенти Конгресси ҷамоаи яҳудиёни
бухороии ИМА ва Канада

Эмомалӣ Раҳмон Президенти тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Мо тоҷиконе, ки дар гӯшаву канори мухталифи сайёра ҳаёт ба сар мебарем, бо Президенти худ, фаъолияти ӯ дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ ва дохили кишвар мефахрем.
Пешниҳодҳои глобалии ӯ дар хусуси пешгирии терроризм, таъмин намудани тамоми сокинони замин бо оби тозаи нӯшиданӣ дар ҳақиқат аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ доранд.

Соли 2004

пешина
аз 228
навбатӣ