Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
КОИЧИРА МАТСУУРА
Директори генералии ЮНЕСКО
Мо ба талошҳои бардавоми Президент Эмомалӣ Раҳмонов оиди ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва муҳити зист, ки дар фароянд барои манфиатҳои натанҳо як кишвар, минтақа, балки тамоми ҷаҳон хидмат мекунанд, баҳои баланд медиҳем.
10 сентябри соли 2005
АКМАЛИДДИН ЭҲСОН ОҒЛУ
Дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ
Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар муттаҳидсозӣ ва якдигарфаҳмии ҷаҳони ислом бузург аст. Тайи чанд соли охир Ҷаноби Олӣ доимо дар чорабиниҳои Созмони Конфронси исломӣ ширкат варзида суханронӣ мекунад. Ва имрӯз дар ҷараёни суханронии худ дар вохӯрии сарони кишварҳои узви ин созмон, ки дар назди деворҳои Каъбаи муқаддас баргузор мегардад, ӯ ҳамчун табиби бомаҳорат натанҳо тамоми дардҳои миллати исломро ташхис кард, балки роҳҳои табобати онҳоро нишон дод.
Барои амалисозии орзуҳои Умма ҳар кадоми мо бояд суханони самимии мӯҳтарам Президенти Тоҷикистонро ҳамчун дастурамал қабул намоем.
8 декабри соли 2005

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё