Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қобили зикр аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ба ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, раванди музокироти сулҳи тоҷикон ворид гардида, мунтазам масъалаҳои заруриро баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо ба роҳбарияти ҷумҳурӣ таклифу тавсияҳо манзур менамуд.
Пас аз чор моҳи баргузории иҷлосияи махсуси парлумони кишвар 8-21 июли соли 1996 дар Ашқобод марҳалаи сеюми даври панҷуми музокирот доир гардид, ки дар рафти он се ҳуҷҷат имзо шуд. Вале оид ба масъалаҳои принсипиалӣ тарафҳо мавқеи худро доштанд ва раванди музокирот нисбат ба як соли қаблӣ бо мушкилиҳо пеш мерафт.
Дар баробари ин қувваҳои мухталиф чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар раванди музокиротро халалдор кардан мехостанд. Амалҳои террористӣ, тахрибкорӣ, ҳодисаҳои вайрон кардани сарҳад дар он шабу рӯз бисёр рух медоданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин моҳи сентябр дар минтақаи Рашт ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки ба равандҳои гуфтушунид такони ҷиддӣ бахшид.
Бо дастури Роҳбари давлат намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ бо қумондонҳои саҳроии мухолифин, ки дар минтақаи Қаротегин амал мекарданд, дар тамос шуда, бо онҳо дар бобати баргузор намудани гуфтушунид мувофиқа ҳосил намуданд. Дар натиҷа, 15-16 сентябри соли 1996 дар шаҳраки Ғарм вохӯрии роҳбарони мақомоти низомии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қумондонҳои саҳроии мухолифин барпо шуд. Фарқияти ин мулоқот дар он буд, ки иштирокчиёнаш аз ҷониби мухолифин дар кӯҳу пуштаи Қаротегину доманакӯҳҳои Помир бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ мубориза мебурданд ва такягоҳи асосии Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба ҳисоб мерафтанд. Қумондонҳо дарк карда буданд, ки дар шароитҳои вазнини кӯҳу пушта идома додани мубориза оқибати нек надорад ва зиёда аз ин кашол додани раванди сулҳ ба манфиати халқу давлат нест. Дар фарҷоми ин қадами ҷасурона «Протоколи мулоқоти ҳайатҳои Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қумондонҳои ҷабҳаи Қаротегин, ки 15 ва 16 сентябри соли 1996 дар шаҳраки Ғарм баргузор гардид», ба имзо расида, барои барқарор намудани сулҳу субот дар ин минтақа заминаи устувор ба вуҷуд овард. Роҳбарони сиёсии мухолифин, ки ҳамагӣ дар хориҷи кишвар ба сар мебурданд ва имкони таъсиррасониашон ба вазъи дохилӣ маҳдуд буд, аз баргузории мулоқот ва натиҷаҳои он огаҳӣ ёфта, ин иқдоми қумондонҳои саҳроиро маъқул нашумориданд, вале ҷуз аз эътироф намудани он илоҷи дигаре надоштанд. Илова бар ин, ИМТ маҷбур шуд, ки дар асоси мувофиқаҳои қаблӣ ба маҷрои гуфтушунид баргардад.
Шоистаи зикр аст, ки ба мулоқот рӯ овардани қумондонҳои саҳроии мухолифин дар водии Қаротегин ва мулоқоти Ғарм дар раванди гуфтушуниди миёни тоҷикон марҳилаи навро оғоз намуда, боиси он гардид, ки роҳбарияти мухолифин бо талаботи нави худ раванди музокиротро ба дарозо накашад.

пешина
аз 228
навбатӣ