Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Пас аз ин мулоқот ҷонибҳо ба мулоқоти сатҳи олӣ омодагӣ гирифтанд. Гурӯҳи корӣ бо намояндагӣ аз ҳарду ҷониб таъсис ёфта, ба омода кардани мулоқот ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ пардохт.
Маҳалли баргузор намудани мулоқот низ муайян шуд ва 10-11 декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳ, воқеъ дар шимоли Афғонистон мулоқоти сеюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва роҳбари ИМТ С. А. Нурӣ баргузор гардид. Дар ин гуфтушунидҳо дар баробари масъалаҳои дигар аввалин маротиба дар бораи Комиссияи оштии миллӣ, вазифа ва салоҳияти он дар раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан рафт. Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба ду ҳуҷҷати муҳим имзо гузоштанд: Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбӣсиёсӣ дар минтақаҳои муқовимат; Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С. А. Нурӣ.
Ин вохурӣ, ки дар минтақаи хатарнок ва шароитҳои номусоид баргузор гардида, як навъ имтиҳони ҷиддие барои устувории тарафҳо дар бобати идома додани мароми пешгирифта буд, барои давом додани гуфтушунидҳо заминаи устувор гузошт. Рафти мулоқот ва натиҷаҳои он нишон доданд, ки давраи мушкил дар гуфтушунидҳо паси сар шудааст ва ҷонибҳо баҳри зудтар комёб шудан ба сулҳу оштӣ азми қадамҳои ҷиддитарро гузоштан доранд. Дар он ҷонибҳо дар бораи дар рӯзҳои наздик баргузор намудани мулоқоти навбатӣ аҳд карданд. Омода кардани мулоқоти навбатӣ ва ҳуҷҷатҳои он оғоз ёфт.
Чанд сол баъд Шукурҷон Зуҳуров, ки дар мулоқоти Хосдеҳ ба ҳайси муовини раиси ҳайати ҳукуматӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон иштирок дошт, менависад: «Ин гуфтугӯи таърихӣ барои мо, тоҷикон, сабақи бузург гашт. Зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои Созишнома аз таги дил суханронӣ кард, ки ман гумон мекунам, барои ҳар кадоми ҳозирин таъсири амиқ гузоштанд. Номбурда изҳор карданд: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, ақаллан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дӯстии шуморо халалдор карда натавонад…»
Пас аз чанд рӯз – 19-23 декабри соли 1996 дар шаҳри Москва мулоқоти чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ доир гардид.
Мулоқот ба масъалае, ки дуру дароз мавриди баҳси тарафҳо қарор гирифта буд, яъне таъсис додани ниҳоди алоҳида ба мақсади амалӣ сохтани Созишномаи умумӣ равшанӣ андохт. Чунин ниҳод Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ном гирифта, доираи вазифаҳо ва ваколатҳои он дар доираи талаботи Сарқонуни Тоҷикистон муайян гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё