Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

8-17 апрели соли 1997 дар шаҳри Теҳрон марҳалаи якуми даври ҳаштуми гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид, ки мақсад аз он муҳокимаи Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ буд, вале бенатиҷа анҷом ёфт.
Вохӯрии шашуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва роҳбари ИМТ С.А. Нурӣ 16-18 майи соли 1997 дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор гардид, ки дар рафти он ду ҳуҷҷати муҳим – Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва Меморандуми Бишкек қабул гардиданд.
Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз он ҷиҳат басо муҳим буд, ки дар ин санад ҷонибҳо доир ба чанд масъалаи усулии сиёсӣ мувофиқа ба даст оварданд. Аз ҷумла, муқаррар гардид, ки Президент ва Комиссияи оштии миллӣ дар рӯзҳои нахустини фаъолияти КОМ ба сифати аввалин ҳуҷҷати сиёсӣ Санади ҳамдигарбахширо қабул мекунанд ва на дертар аз як моҳи баъди қабул шудани Санад қонун дар бораи авф қабул карда мешавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи гузариш Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо шомил намудани 25% намояндагони ИМТ ташкил меёбад.
Ҳуҷҷат пешбинӣ намуд, ки ислоҳоти ҳукумат тавассути ворид намудани намояндагони ИМТ ба сохторҳои ҳокимияти иҷроия, бо шумули вазоратҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи квота сурат мегирад.
Протокол муайян намуд, ки манъ ва маҳдудсозии фаъолияти он ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки ба ИМТ шомиланд, инчунин воситаҳои ахбори омма пас аз анҷом ёфтани марҳалаи дуюми амалӣ шудани Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон аз байн бардошта мешавад.
Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷиҳати дар Душанбе ҷойгир намудани гурӯҳҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифин иборат аз 460 нафар, инчунин 40 нафари дигар барои муҳофизати аъзои Комиссияи оштии миллӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Боз як санади муҳим бояд ба имзо мерасид, ки ба ин хотир 22-28 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон марҳалаи дуюми даври ҳаштуми музокирот барпо гардид. Дар ин вохурӣ ду ҳуҷҷати муҳим – Протокол дар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва Декларатсияи Теҳрон қабул гардиданд.
Дар Протокол омадааст, ки кафолати муҳимтарини иҷрои қатъии Созишномаи умумӣ иродаи неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷик, алоқамандиҳои онҳо ба сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

пешина
аз 228
навбатӣ