Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар ҳуҷҷат ҷонибҳо ба Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба додани кафолатҳо муроҷиат намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳукуматҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон розӣ шуданд, ки ба сифати кафилони сиёсӣ ва маънавии иҷрои Созишномаи умумӣ аз тарафи ҷонибҳо баромад мекунанд.
Ҳамчунин ба мақсади назорати рафти иҷрои Созишномаи умумӣ аз тарафи ҷонибҳо, расонидани кумакҳои машваратӣ, коршиносӣ ва ғайра кишварҳои кафил розигӣ доданд, то дар давраи амалӣ шудани ҳуҷҷати зикршуда Гурӯҳи тамос таъсис диҳанд, ки дар Душанбе қарор дошта, аз намояндагони аккредитатсияшуда иборат хоҳад буд. Дар санад зикр ёфтааст, ки ба Гурӯҳи тамос ҳамчунин Намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ва намояндаи Созмони Конфронси исломӣ ворид мешаванд, Намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон вазифаи ҳамоҳангсози Гурӯҳи тамосро иҷро хоҳад кард Дар Протокол ҳамчунин дарҷ шудааст, ки САҲА тавассути намояндагии худ дар Душанбе ба амалишавии Созишномаи умумӣ дар масъалаҳои вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон ва сохтмони институтҳои демократии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Азбаски идома додани гуфтушунидҳо дар ин формат анҷом ёфт, дар ҳуҷҷати ниҳоӣ – Эъломияи Теҳрон дар баробари инъикоси натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо ба давлати Эрон, ки дар раванди гуфтушунидҳо нақши бузурге бозида буд, миннатдорӣ изҳор намуданд.
Ҳамин тариқ, тамоми ҳуҷҷатҳои дар Протоколи 17 августи соли 1995 чун қисми таркибии Созишномаи умумӣ пешбинишуда ба имзо расиданд ва ҳайатҳо дар Теҳрон ба музокирот анҷом бахшида, ба омода намудани мулоқоти хотимавӣ дар сатҳи олӣ пардохтанд.
Оқибат он рӯзи деринтизор даррасид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва мулоқоти ҳафтуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид, ки мақсад аз он имзо кардани Созишномаи умумӣ ва хотима бахшидан ба раванди музокирот буд.
Дар рафти вохӯрии алоҳида (то имзо шудани Созишномаи умумӣ) Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.
Ш. Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расид. Дар ин ҳуҷҷат мувофиқа ба даст омад, ки то 7 июли соли 1997 дар Москва ҷаласаи нахустини Комиссияи оштии миллӣ баргузор карда шавад, то 15 июли соли 1997 чун амали иродаи нек аз ҳисоби асирони ҳарбӣ ва маҳбусон, аз ҷумла, онҳое, ки пас аз феврали соли 1997 боздошт шудаанд, аз ҳарду ҷониб табодули 50 нафарӣ амалӣ карда шавад. Дар ин протокол ҷонибҳо терроризмро қатъан маҳкум намуда, мавқеи устуворро ҷиҳати амалиёти муштаракона дар мубориза бо он таъйид карданд ва розигӣ доданд, ки далелҳо ва гумонҳои маълумро ба мақсади бадномсозии сиёсии ҳамдигар истифода намебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё