Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар гуфтушуниди таърихие, ки 27 июни соли 1997 дар қасри Кремл баргузор шуд, ҳуҷҷати аз ҳама асосӣ дар раванди сулҳи тоҷикон – Созишномаи умумии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имзо шудани ин санад ба раванди музокироти байни тоҷикон хотима бахшида, барои қадамҳои минбаъда дар барқарор намудани сулҳу оштӣ ва ризоияти миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин мулоқот ҳамчунин Изҳороти Москва ба имзо расид.
Муҳим будани ин рӯйдоди таърихиро сатҳи иштирокчиёнаш тасдиқ мекард. Дар маросими ба имзо расидани Созишнома Президенти Федератсияи Россия Борис Елтсин ва Сарвазири ин кишвар Виктор Черномирдин, муовини Дабири Кулли СММ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои кафил иштирок карданд.
Тавре дар Созишномаи умумӣ зикр ёфтааст, Президенти Тоҷикистон ва роҳбари ИМТ аҳд карданд, ки бо имзо намудани ин Созишнома давраи иҷрои пурраи мувофиқаҳои ҳосилшуда сар шуда, он ба муқовимату бародаркушӣ дар Тоҷикистон хотима мебахшад, ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, гурезаҳо ба ҷойҳои зисташон бармегарданд, барои рушди демократии ҷомеа, гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисодиёти бар асари ихтилофи бисёрсола харобгардида шароит ба вуҷуд меорад. Дар ҳуҷҷат омадааст: «Сулҳ ва ягонагии ҳамаи тоҷикистониён сарфи назар аз мансубияти миллӣ, сиёсӣ, динӣ ва минтақавии онҳо авлавиатҳои олии миллии кишвар мебошанд».
Дар Изҳороти Москва хабар дода мешавад, ки дар Москва Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ҳамин тариқ гуфтушунидҳои байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ бомуваффақият анҷом ёфтанд. Дар ин ҳуҷҷат Президенти Тоҷикистон ва роҳбари ИМТ ба Созмони Милали Муттаҳид, ки таҳти сарпарастӣ ва миёнҷигарии он тайи се сол раванди музокирот идома дошт, сидқан сипосгузорӣ намуда, ибрози умедворӣ карданд, ки СММ минбаъд ҳам барои амалӣ сохтани мувофиқаҳои ҳосилшуда ба Тоҷикистон кумак хоҳад расонид. Онҳо ба давлатҳое, ки дар музокироти тоҷикон мақоми нозирро доштанд – Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои кумаки беғаразонаашон дар солҳои барои халқи Тоҷикистон вазнин миннатдорӣ изҳор намуданд. Ба нақши САҲА ва Созмони Конфронси исломӣ дар раванди музокирот баҳои баланд дода, боварӣ иброз шуд, ки онҳо низ дар амалӣ сохтани созишҳои бадастомада мусоидат хоҳанд намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё