Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Он рӯз мардуми Тоҷикистон ид дошт. Баъди бозгашт аз Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сокинони пойтахт бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд ва дар назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ гирдиҳамоии серодам барпо шуд.
Рӯзи 27 июн чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ба тақвими ҷашнвораҳои кишвар ворид шуд ва ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар асл, ин рӯзи ба имзо расидани Шартномаи умумии сулҳ аст, вале он барои Роҳбари давлат дар доираи як санаи таърихӣ маҳдуд намешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро чун ғояи пешбаранда дониста, рушди кишварро ба он вобаста медонад. 17 марти соли 1994, ҳангоме ки дар Москва даври нахустини музокироти сулҳи тоҷикон идома дошт, Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон зикр намуд, ки «идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад». Ин мавзӯъ борҳо зимни сӯҳбату суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда, чун яке аз масъалаҳои меҳварии ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ мешуд. Масалан, Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар иҷлосияи XX Шӯрои Олии ҷумҳурӣ моҳи сентябри соли 1994 иброз дошт, ки «осоиши халқ, рушди давлат, истиқлолияти мо ба ваҳдати миллиамон вобаста аст» ва «ваҳдати миллӣ аз мо тақозо мекунад, ки ҳар гуна кинаву адовати сиёсиву иҷтимоиро фаромӯш кунем», зеро «соҳибистиқлолӣ низ аз ваҳдати миллӣ бармеояд» ва «ваҳдати миллӣ пойдевори ягонагии Тоҷикистон аст».
Он вақт бо шарофати талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва имзо шудани Созишномаи умумӣ давраи мураккабу душвори ҳаёти ҷумҳурӣ бо сулҳу дӯстӣ ҷамъбаст гардида, Рӯзи ваҳдати миллӣ чун ҷашни миллӣ ба расмият даромад. Акнун давраи дигар шурӯъ шуд ва корҳои зиёде ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои имзошуда ва барқарор намудани сулҳи пойдору бебозгашт дар пеш буданд. Пас аз чанд рӯз Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт, ки ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо пардохт.
Роҳи расидан ба сулҳу оштии миллӣ хеле печидаву пуртазод ва мушкилгузар буд, ки дар он қобилияту истеъдоди Роҳбари давлат чун муҳандису пешбарандаи асосии ин ғояи бузург ҳамеша боло мегирифт ва мақсади пешгирифта боз ҷонибҳоро ба маҷрои асосӣ ҳидоят мекард.
Вобаста ба мушкилоти пешомада дар раванди музокирот ва расидан ба сулҳу оштӣ чанд нуктаро зикр кардан бамаврид аст. Дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, инчунин сохторҳои ҳукуматӣ ва миёни мухолифин шахсоне буданд, ки қатъан сулҳро намехостанд ва кӯшиш мекарданд, то раванди музокирот ба нокомӣ дучор ояд. Ҳар гоҳ, ки ҷонибҳо ба дастоварде ноил мешуданд, дар ягон гӯшаи ҷумҳурӣ амали фоҷиавие сар мезад: шахсеро террор мекарданд, ҷоеро метарконданд, гурӯҳеро гаравгон мегирифтанд.

пешина
аз 228
навбатӣ