Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Масалан, моҳи октябри соли 1994 ҳангоме, ки ҳайатҳо дар Исломобод дар даври сеюми музокирот ҷамъ омада буданд, дар минтақаи Қаротегин муовини Раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Мунавваршо Назриев тавассути амали террористӣ ба ҳалокат расид. Хусусан солҳои 1996-97 амалиётҳои рӯирости ба бунбаст бурдани музокирот тариқи мураккаб сохтани вазъияти ҷумҳурӣ пайи ҳам рух медоданд. Дар шаҳри Душанбе шахсиятҳои шинохта Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, сипас Муҳаммад Осимӣ қурбонии амалҳои террористӣ шуданд. Яке аз ҳодисаҳои ташвишовар исёни полковник Маҳмуд Худойбердиев буд, ки бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ бархост ва чанде аз мансабдорони сохторҳои давлатии маҳаллӣ бо ӯ ҳамдастӣ доштанд. Муддате бо дахолати Роҳбари давлат ин полковники исёнгар ором гирифт, вале тобистони соли 1997 боз аз нав вазъиятро муташанниҷ карданӣ шуд.
Ғайр аз ин доираҳои муайяни сиёсӣ бо дастгирии қувваҳои берунӣ аз ин раванд манфиатҷӯӣ доштанд. Масалан, се сарвазири собиқи ҷумҳурӣ дар шаҳри Москва бо номи «Эҳёи миллӣ» ташкилоте таъсис дода, тавассути телевизиони Россия баромад карданд. Хусусан А.Абдуллоҷонов, ки аз фикри сари қудтар омадан даст накашида буд, дар роҳандозии баъзе ташаббусҳои сиёсӣ фаъолият нишон дода, ҳатто ба раванди музокирот чун тарафи сеюм шомил шудан мехост.
Доираҳои ба ин шахс наздик дар вилояти Ленинобод митингҳо ташкил мекарданд, байни мардум овозаҳо паҳн менамуданд, одамони ба ҳукумат наздикро аз роҳ заданӣ мешуданд. Оқибат 30 апрели соли 1997 онҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯиқасд ташкил карданд, ки дар натиҷаи он Роҳбари давлат ва чандин нафари дигар аз таркиши норинҷак ҷароҳат бардоштанд. Вале ҳамаи ин азми Роҳбари давлатро нашикаст ва ӯ собитқадамона мароми худро пеш мебурд. Қувваҳои мухолиф бошанд пас аз имзои Созишномаи умумӣ низ кӯшишҳои ноором кардани вазъи ҷумҳуриро идома медоданд.
Роҳбари давлат аз ибтидо барои баргузор намудани музокирот таваҷҷӯҳи фавқулода зоҳир менамуд. Ӯ бо истифода аз каналҳои дипломатӣ ва мулоқотҳои бевосита муколамаро бо СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, давлатҳои кафил идома медод.
Ин буд, ки мулоқотҳо дар доираи музокирот дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Ашқобод, Алмаато, Бишкек, Машҳад, Хосдеҳ (шимоли Афғонистон) баргузор гардиданд, ки нисбати онҳо аз ҷониби роҳбарияти кишварҳои қабулкунанда таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешуд.
Таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ҳамчунин нисбати ҳайати гуфтушунидкунандаи ҳукуматӣ зиёд буд, бо он мунтазам дар тамос мешуд, тамоми ҳуҷҷатҳои баррасишавандаро меомӯхт, аз рафти музокирот ба пуррагӣ огаҳӣ дошт, барои фаъолияти ҳайат тамоми шароитҳои заруриро фароҳам меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё