Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Масалан, вақте ҳайати ҳукуматӣ барои иштирок дар даври дуюми музокирот озими Теҳрон шуд, Роҳбари давлат барои он ҳавопаймои Ту-154 ҷудо кард. Роҳбари давлат пеш аз сафари ҳайат барои гуфтушунид ва баъд аз бозгашт онро қабул карда, андешаашро мешунид, дастуру маслиҳат медод...
Президенти Тоҷикистон 4 июли соли 1997 ба мақсади амалисозии муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Комиссияи оштии миллӣ фармон имзо кард. Ба ҳайати он аз Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ (Раис), аз Ҳукумат Абдулмаҷид Достиев (муовини Раис), инчунин аъзои комиссия аз Ҳукумат ва мухолифин шомил шуданд. Тавре пешбинӣ шуда буд, дар ҳайати КОМ 4 зеркомиссия ташкил ёфт.
Пас аз имзо шудани ин фармон 7-10 июли соли 1997 дар шаҳри Москва ҷаласаи якуми КОМ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Е.М. Примаков комиссияро ба оғози фаъолияташ табрик намуда, муваффақиятҳо орзу кард. Дар ҷараёни ҷаласа ду ҳуҷҷати муҳим – Санади ҳамдигарбахшӣ ва Қонун дар бораи авф баррасӣ шуданд. Ҳамин тариқ, Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун механизми дар амал татбиқ намудани Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки он институти нав дар давраи гузариш буда, баъди даъвати Парлумони нави кишвар ва иҷро намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда фаъолияташро қатъ мекард.
Пас аз ду моҳ – 11 сентябр раиси Комиссияи оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз Теҳрон ба Душанбе омад, комиссия дар бинои Меҳмонхонаи «Вахш», ки аллакай таъмир гардида, барои қароргоҳи КОМ омода шуда буд, ҷобаҷо гардид. 15 сентябри соли 1997 ҷаласаи дуюми КОМ баргузор шуд, ки дар оғози он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Г.Д. Меррем, намояндагони САҲА, кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон ширкат варзиданд. Дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, Г.Д. Меррем, С.А. Нурӣ суханронӣ карданд. Зимни суханронии худ Роҳбари давлат изҳори умедворӣ намуд, ки комиссия бо шохаҳои ҳокимият ҳамкорӣ мекунад, ваъда дод, ки Президент ва Маҷлиси Олӣ онро дастгирӣ менамоянд, аз СММ ва давлатҳои кафил хоҳиш ба амал овард, ки дар раванди сулҳ фаъолона ширкат варзанд.
Бояд зикр кард, ки КОМ бо чор зеркомиссияи худ – оид ба масъалаҳои сиёсӣ, оид ба масъалаҳои низомӣ, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва оид ба гурезаҳо дар давоми фаъолияташ тамоми масъалаҳои марбутаро ҳаллу фасл намуд. Дар ин давра қабул шудани санадҳо оид ба авф, гузаронидани реинтегратсияи ҷанговарони мухолифини собиқ, мушаххас кардани 30 фоизи мансабҳо дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия, аз ҷумла, вазоратҳо, муассисаву ташкилотҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз ҳисоби намояндагони собиқ ИМТ, иҷозат додан ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда, ба пуррагӣ ҳал кардани мушкилоти гурезагон, иштирок дар интихоботи парлумон ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки КОМ онҳоро мувофиқи санадҳои имзошуда ҳал намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё