Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин миён масъалаи реинтегратсияи ҷанговарони мухолифин моҳияти фавқулода дошт, зеро ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста буд. Вақте ҷанговарони гурӯҳҳои мухолифин пурра реинтегратсия шуданд, маълум гардид, ки баъзе дастаҳои ҷинояткор аслан ба касе итоат намекунанд. Чунин дастаҳо, ки дар атрофи Душанбе ба террору ғорати мардум даст мезаданд, тавассути гузаронидани амалётҳои махсус пурра маҳв карда шуданд.
КОМ ҷаласаҳои машваратии худро ҳафтае як маротиба баргузор менамуд, ки дар онҳо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил ширкат меварзиданд. Гурӯҳи тамос, ки ба он намояндагони СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон
– Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон шомил буданд, бо КОМ ҳамкории зич дошт. Ин ду сохтор, чуноне пешбинӣ шуда буд, то баҳори соли 2000 фаъолият намуданд.
Комиссияи оштии миллӣ рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намуда,
31 марти соли 2000 фаъолияташро ба анҷом расонид. Пас аз чанд рӯз
– 18 апрели соли 2000 дар бораи ба иҷро расидани вазифаҳои Гурӯҳи тамос ва хотима бахшидан ба кори он изҳорот пахш гардид.
Ба мақсади ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба раванди сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистон бо ибтикори Роҳбари давлат 18 июли соли 1997 баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар ҷумҳурӣ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт. Муқаррар шуд, ки мақсади асосии Ҳаракат аз оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ муттаҳидсозии тамоми шаҳрвандон, роҳ кушодан ба эҳёву тараққии Тоҷикистон мебошад. Шоистаи зикр аст, ки ду сохтори ҷамъиятии бо ташаббуси Роҳбари давлат таъсисёфта – Шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пас аз иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати дарёфти мувозинати манфиату ақидаҳо ба пешрафти муколамаи нерӯҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ идома медиҳанд.
Ҳамин тариқ, музокироти сулҳи тоҷикон ва имзо шудани Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муҳими ҳаётӣ доштанд. Имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба ҷанги даҳшатноки дохилӣ хотима гузошта, давлату миллатро аз чанголи муқовимату ихтилоф наҷот дод.

пешина
аз 228
навбатӣ