Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ин амали хирадмандона ва дурандешона вазъи ҷамъиятиву сиёсиро ба куллӣ тағйир дода, имкониятҳои истифодабарии дастовардҳои истиқлолияти миллиро фароҳам овард ва боварии мардумро ба ояндаи нек ва зиндагии осоишта тақвият бахшид. Аз пайи ин теъдоди зиёди гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои зисти доимӣ баргаштанд, барои обод кардани манзил ва баргардондани онҳо ба ҳаёти орому осоишта шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Бо дархосту мусоидати Роҳбари давлат барои барқарор кардани иншооти харобгардида дар минтақаҳое, ки ба майдони ҷанг табдил ёфта буданд, аз ҷониби ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ маблағҳои зиёд ҷудо гардид. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 1998 Маркази барқарорсозии баъди низоъ ба фаъолият шурӯъ кард, ки мақсади он барқарор намудани иншоотҳои харобгардидаи минтақаҳои Рашту Тавилдара буд. Барои ин 10 млн. доллари ИМА ҷудо гардид ва Марказ барқарорсозии зиёда аз 150 иншооти харобшудаву зарардидаро аз қабили пулҳо, иншооти маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, барқу алоқа дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара ва минтақаи Сағирдашт ба нақша гирифт.
Бо шарофати барқарор сохтани сулҳу осоиштагӣ тадриҷан оштӣ додани нерӯҳои мухолифи сиёсӣ, мустаҳкам кардани асосҳои истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун муяссар гардид.
Хотирнишон бояд сохт, ки дастрасӣ ёфтан ба сулҳу осоиш барои пешрафти сиёсати хориҷии давлат ҳам аҳамияти махсус дошт. Барои рушди дипломатияи тоҷик давраи нав сар шуд ва дар самтҳои гуногун, бахусус дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон, афзоиш додани табодули мол ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногун, бо шумули сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва хатҳои интиқоли барқ шароиту имкониятҳои зарурӣ ба вуҷуд омаданд.
Ба ақидаи доираи васеи сиёсатмадорон ва коршиносони ватанию хориҷӣ раванди гуфтушуниди миёни тоҷиконро бо натиҷаҳои он дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодире шумурдан мумкин аст. Ба андешаи ғолиб оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил намунаи барҷастаи дастоварди дипломатияи боздоранда буда, кишварҳои гирифтори низоъҳои дохилӣ метавонанд аз ин таҷрибаи ибратбахш истифода намоянд.
Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ ба парлумони кишвар
20 апрели соли 2012 ба ду рӯйдоди муҳим дар даврони истиқлолият баҳои баланд дод. Ба назари ӯ «иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё