Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини рисолати роҳбарии давлатро бар зиммаи худ гирифтанаш, ҷиҳати ба сулҳу осоиш, ваҳдату якдилӣ овардани мардум ва аз байн бурдани мушкилоти печидаву ҳолати сангини ҷумҳурӣ пайваста талош намуда, чун як давлатмарди варзида ва меҳанпарасти бузург дурандешона ва собитқадамона оқибат халқу кишвари худро ба кӯи мурод овард. Ҷумҳурӣ дар ҳолати ҷанг қарор дошт, буҳрони сартосарӣ тамоми самтҳои ҳаётро фаро гирифта буд, вале ин шахсияти мудаббиру соҳибтадбир ҷомеаи ҷаҳониро барои амалӣ кардани нияти неки худ мӯътақид сохт ва бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст кореро муваффақона ба нуқтаи анҷом бурд, ки бисёриҳо ба он бо назари шубҳа менигаристанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё