Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Бикӯш то ба каф орӣ калиди ганҷи вуҷуд,
Ки беталаб натавон ёфт гавҳари мақсуд.
Камоли Хуҷандӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо комёб шудан ба истиқлоли давлатӣ мушкилоти зиёдеро аз замони шӯравӣ ба мерос гирифт. Дар давраи шӯравӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ пойбанди низоми иқтисодии давлати абарқудрат буданд ва тамоми нақшаву барномаҳо бо дарназардошти ҳамон низом тарҳрезӣ ва амалӣ мешуданд. Масалан, он вақт дар Тоҷикистон пахтакорӣ самти асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт, вале аз ҳосили он ҳамагӣ то даҳ фоиз дар ҷумҳурӣ коркард шуда, боқимонда ба корхонаҳои Россия, Украина ва ҷумҳуриҳои соҳили Балтика фиристода мешуд.
Дар баробари ин ҷумҳурӣ маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, аз қабили ғалладона, картошка ва ғайра аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ворид мекард. Бо дарназардошти сохтмони НБО «Норак» ва нерӯи арзони барқ дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон заводи истеҳсоли алюминий бунёд шуд, вале ашёи хоми он аз дигар ҷумҳуриҳо ворид мегардид. Яъне, он вақт низоми ягона муносибатҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳоро танзим мекард, ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ, махсусгардонии истеҳсолот ва дигар усулҳои роҳандозӣ намудани ин сиёсат дар Москва муайян мешуданд. Бо назардошти он, ки ҷумҳуриҳо бар асари чунин сиёсат аз манфиатҳои худ сарфи назар мекарданд, аз буҷаи умумииттифоқӣ ҳамаи ин то қадри имкон ҷуброн карда мешуд. Масалан, қисми зиёди буҷаи Тоҷикистонро дотатсияи буҷаи умумиитифоқӣ ташкил мекард.
Дар натиҷа, вақте Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд, пайи ҳам чандин мушкилоте пеш омад, ки ҷумҳурӣ дар танҳоӣ имкони ҳаллу фасли онҳоро надошт. Дар баробари эҷод шудани чунин мушкилот, ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки танҳо зарари иқтисодии он тибқи баъзе ҳисобҳо ба 7 млрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё