Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

доллари ИМА расид.
Шикаст хӯрдани низоми қаблӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъсири манфии худро гузошт. Риштаҳои ҳамкорӣ бурида шуданд, дар бобати фурӯши нахи пахта, харидорӣ кардани ғалла ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ проблемаҳои нав ба миён омаданд.
Ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки самтҳои фаъолияти иқтисодиро тағйир диҳад, аз ҷумла, пахтакориро тадриҷан маҳдуд карда, ба парвариши зироатҳои дигар рӯ биёрад.
Аз дигар тараф кишвар ба мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ, газ, маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ дучор омад, ки ислоҳ намудани онҳо кори осон набуд. Аз таъсири манфии чунин мушкилот иқтисодиёт ва аҳолӣ дар канор набуданд. Бар замми ҳамаи ин маълум гардид, ки дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштани ҷумҳурӣ низ душвориҳои зиёде эҷод мекунад.
Ҳамин тариқ, истиқлолият ҷумҳуриро бо воқеияти дигаре рӯбарӯ овард, ки аз он роҳи гурез набуд ва дар баробари аз байн бурдани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба эътидол овардани вазъияти кишвар ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномада зарурат пеш омад.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳалли мушкилоти иқтисодии ҷумҳурӣ тариқи истифода аз имкониятҳои хориҷӣ аз рӯзҳои аввали сари қудрат омаданаш масъалагузорӣ мекард. Ӯ дар изҳороташ роҷеъ ба яксолагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид зикр намуда буд, ки «мақсад аз барқарор кардани робитаҳои хориҷӣ пеш аз ҳама ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ аст». Дар идомаи ин Роҳбари давлат таъкид кард, ки «мо бояд тиҷорати бароямон манфиатбахшро ёд бигирем, кредитҳои судбахши хориҷиро дарёфт намоем, корхонаҳои муштарак бисозем, ба ибораи дигар, аз имкониятҳои хуби тамаддуни башарӣ бархӯрдор бошем».
Зимни суханронии худ дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 26 июни соли 1993 Роҳбари давлат иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст сиёсати мутавозину прагматиро пеш гирад ва он бояд аз пайравии якҷониба холӣ бошад. Сиёсати берунии мо инчунин барои тадриҷан бунёд кардани иқтисодиёти миллии ҳозиразамоне мусоидат хоҳад кард, ки бояд ба ҳаёти гуногунпаҳлӯи ҷомеаи байналмилалӣ иртиботи наздик дошта бошад».
Тавре Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар иҷлосияи XX Шӯрои Олии кишвар 7 сентябри соли 1994 зикр карда буд, ӯ Тоҷикистонро чун кишваре дидан мехост, ки «ба дигарон дастнигар нашавад, балки тавонад ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ истиқлолияти худро таъмин кунад». Вале он вақт бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва муташанниҷ будани вазъияти дохилӣ барои ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалб намудани сармоя имконияти зарурӣ набуд.

пешина
аз 228
навбатӣ