Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Иқтисод рӯ ба коҳиш дошт ва фақат соли 1997, пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пастравии он боздошта шуд ва аз соли 2000 ба ҳукумат муяссар гардид, ки ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд.
Сарфи назар аз вазъи мураккаби ҷумҳурӣ Роҳбари давлат имкониятҳои хориҷиро барои пурқувват намудани иқтисоди кишвар истифода мебурд. Дар марҳилаи аввал ин дастгирию ҳамкориҳо асосан дар се самт ҷараён мегирифтанд:
Якум, ҷараён додани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии чаҳонӣ – Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи умумиҷаҳонии арз, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки рушди Осиё ва ғайра барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, молиявӣ, бонкӣ, инфрасохторӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои амалӣ кардани лоиҳаҳои марбут ба чунин нақшаҳо. Бояд зикр намуд, ки дар ин самт ҳамкориҳо то имрӯз идома доранд. Аз ҷумла, ташаккули иқтисоди бозорӣ чун раванди бебозгашт арзёбӣ шуда, ҳадафи асосии ҷумҳурӣ дар доираи густариши ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дуюм, гирифтани кумакҳои гуманитарӣ, техникӣ ба хотири дастгирии аҳолӣ ва пурқувват кардани зарфияти сохторҳои давлатӣ.
Сеюм, ба роҳ мондани савдои хориҷӣ.
Бояд зикр намуд, ки то барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва муътадил шудани вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ асосан дар самтҳои зикршуда маҳдуд мешуд ва сарфи назар аз ҳавасмандии кишвар шарикони хориҷӣ барои кори ҷиддие анҷом додан, ташаббус нишон намедоданд.
Пас аз соли 2000-ум Роҳбари давлат ба зарурати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онро чун яке аз самтҳои авлавиятнок дар фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа, дигар сохторҳои давлатӣ муайян намуд.
Ин зарурат қабл аз ҳама ба хотири таъмин намудани рушди устувори ҷумҳурӣ ва аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта дар иқтисоди кишвар пеш омад. Тавре маълум аст, ислоҳоти фарогир, ки ба думболи ислоҳоти конститутсионӣ тамоми соҳаҳоро ба низоми муайян даровард, дар таҳияи пойгоҳи назариявӣ ва ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ, мутобиқсозии тамоми бахшҳои дахлдор, аз ҷумла фаъолияти муассисаҳои бонкию молиявӣ ба талаботи нав ва дар маҷмӯъ ба рушди устувори иқтисодии кишвар таъсири мусбат расонид. Вале ҳалли масъалаҳои ҷудогона маблағҳои калон ва тасмимгириҳои алоҳидаро тақозо дошт. Акнун вазъияти орому осоиштаи ҷумҳурӣ барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда буд.

пешина
аз 228
навбатӣ