Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Имкониятҳои маҳдуди ҷумҳуриро ба эътибор гирифта, ба мақсади ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои ҷаҳон ва созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 алоқамандии давлати худро ба сиёсати «дарҳои боз» эълом дошт. Бояд иқрор шуд, ки ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ин роҳи аз ҳама манфиатбахше буд, ки ҷумҳурӣ онро пеш гирифт.
Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 вазифаҳои муҳими солҳои наздикро барои ҷумҳурӣ чунин муайян карда буд: «Барои марҳилаи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи мо вазифаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа доранд
– таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, идомаи ислоҳот махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, дар панҷ соли оянда таъмин намудани истиқлолияти энергетикии давлат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ мебошанд». Дар ин ҷо бахусус зикр кардани се ҳадафи стратегӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин кардани амнияти озуқаворӣ зарур аст, зеро ин мушкилот бо соҳиб шудан ба истиқлолият аз замони шӯравӣ мерос мондаанд ва бартараф намудани онҳо вақт ва имкониятҳои васеъро талаб дорад.
Ба мақсади таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ Роҳбари давлат роҳу василаҳои гуногунро дар назар дошт. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз апрели соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон зикр кард: «Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушдро барои солҳои 2007-2015-ум таҳия намуд. Мақсади асосӣ аз он ҷорӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад».
Сипас ҷиҳати ноил гардидан ба амалисозии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул гардиданд, ки мақсад аз онҳо то дуюним маротиба зиёд кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Роҳбари давлат ҳамасола ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои ҷалби имкониятҳои хориҷӣ вазорату муассисаҳои дахлдорро муаззаф менамояд.

пешина
аз 228
навбатӣ