Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба андешаи ӯ «меҳвари асосии чунин сиёсатро бояд дипломатияи иқтисодӣ ташкил диҳад, ки он ба рушду нумӯи Тоҷикистони азизи мо такони тоза бахшида, мақому манзалати онро дар арсаи байналмилалӣ боло барад».
Аз нигоҳи Роҳбари давлат имрӯз ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи бештари мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад, ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллат дар арсаи байналхалқӣ дар маркази ин сиёсат қарор дорад. Ҳамин тариқ, ҷумҳурӣ сиёсати хориҷии худро тавре роҳандозӣ менамояд, ки он ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва тақозоҳои нави дар пешорӯи давлат ва миллат қарордошта фаъолона мусоидат намояд.
Дар самти истифода аз имкониятҳои хориҷӣ ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда ва умуман рушди иқтисоди кишвар Роҳбари давлат тайи солҳои охир чанд самтеро муайян намуд, ки барои пешрафти ҷумҳурӣ ва пурқувватшавии зарфиятҳои он нақши бузург доранд.
- Истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад.
Роҳбари давлат борҳо таъкид намуда буд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст.
Дар ин самт корҳои зиёде ба мақсади омӯзиши ҳавзаҳо ва конҳои нефту газ ва истифодаи онҳо аз ҷониби ширкатҳои Россия ва дигар кишварҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба пешбурди корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истифодаи захираҳо ҳамкорӣ бо 11 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ ҷараён дорад, дар соҳаи истихроҷи ангишт 12 корхонаи гуногун кор мекунад.
Ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Бо иштироки Россия сохтмони НБО «Сангтӯда-1» анҷом ёфта, соли 2009 ба истифода дода шуд, амалӣ кардани лоиҳаи НБО «Сангтӯда-2» бо иштироки Эрон дар арафаи анҷомёбист. Ғайр аз ин лоиҳаҳои зиёди сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна, лоиҳаҳо оид ба истифодаи дигар сарчашмаҳои барқароршавандаи барқ (офтоб), таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда (НБО «Норак», НБО «Қайроққум», НБО «Варзоб-1») бо ёрии шарикони хориҷӣ амалӣ мешаванд.
Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа Роҳбари давлат вазифа гузошт, ки дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он суръат бахшида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё