Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар натиҷа тайи чанд соли охир хатҳои интиқоли барқи 500-киловаттаи «Ҷануб-Шимол», 220-киловаттаи «Лолазор- Хатлон» сохта ба истифода дода шуданд. Хати интиқоли барқи Тоҷикистон – Афғонистон сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки тавассути он барқи зиёдатӣ ба кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.
Дар ин самти авлавиятнок имконияту зарфиятҳои дигар низ ба кор андохта мешаванд. Соли 2009 Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:
«Якум, бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.
Дуюм, бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.
Сеюм, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон».
Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа идеяи таъсис додани Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикиро пешниҳод намуда буд, ки то ҳол моҳияти худро аз даст надодааст.
Ин ибтикороти давлати Тоҷикистон аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ берун намемонад ва ин буд, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид «Энергияи устувор барои ҳама» дар қатори панҷ кишвари олам Тоҷикистон ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод гардид. Вобаста ба ин Роҳбари давлат ба вазорату идораҳои марбута супориш дод, ки бо сохторҳои СММ ҳамкории созандаро ба роҳ монда, аз имкониятҳои ин барнома самаранок истифода намоянд.
Метавон гуфт, ки ҳоло сарфи назар аз афзоиши рӯзафзуни истифодаи нерӯи барқ, ҳолати бӯҳронии солҳои қаблӣ аз байн рафт ва сол то сол таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқ беҳтар мешавад.
2. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё