Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Иддае аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро бо бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.
Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф бо дастгирии шарикони хориҷӣ корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншоотҳои нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд. Аз ҷумла, бо иштироки Хитой нақби автомобигарди «Шаршар» ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷодаи «Душанбе- Бӯстон-Чанак» бо нақби «Истаравшан», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол- Саритош», «Душанбе-Данғара» бо нақби «Чормағзак» дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Бо иштироки Эрон сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, бо кумаки ИМА пули мошингарди «Дӯстӣ»
дар болои дарёи Панҷ сохта мавриди истифода қарор гирифт, масирҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қурғонтеппа- Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо иштироки Япония, Туркия, Эрон сохта мешаванд. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо имкон дод, ки рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли бор, таъмини бозорҳо бо мол хеле беҳтар шуда, вобастагӣ аз он роҳҳое, ки минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриро тавассути кишварҳои ҳамсоя мепайвастанд, аз байн равад.
Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд. Барои иртибот бо Афғонистон панҷ пул дар болои рӯди Панҷ сохта шуд, ки тавассути онҳо рафтуомад ва тиҷорат хеле афзоиш ёфт.
Соли 2004 миёни Тоҷикистону Хитой гузаргоҳи сарҳадии Кулма кушода шуд, ки гардиши молро миёни ду кишвар хеле афзуд. Бо сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош ҳамчунин табодули мол байни Тоҷикистону кишварҳои минтақа рӯ ба афзоиш дорад.
Дар бобати таҷдиди фурудгоҳҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Ҳоло Тоҷикистон дорои чор фурудгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд) мебошад.
Масъалаи дигар – беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин хотир дар сохторҳои марбута (нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан) дигаргуниҳо сурат гирифтанд, назди онҳо вазифаҳои нав гузошта шудаанд.

пешина
аз 228
навбатӣ