Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пешбинӣ шудааст, ки амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин хоҳад кард.
3. Таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки омили муҳимтарини он пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ муайян шудааст.
Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат дониста шуда, ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Дар ин самт кори асосӣ бар ӯҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Вале иҷрои он паҳлӯҳои зиёде дорад, ки ниёзмандиро ба ҳамкориҳои хориҷӣ тақозо мекунанд. Аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва ғ., овардани техникаи кишоварзӣ самтҳое мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта амалӣ кардан мумкин аст. Натиҷаи ин бояд дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи қонеъкунанда бошад. Ин нуктаро Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 25 апрели соли 2008 равшан зикр намуда буд: «мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».
4. Таъсис додани корхонаҳои муштарак ва иштироки шарикони хориҷӣ дар рушди иқтисоди кишвар.
Иштироки сармоя ва истифодаи технологияи пешқадами хориҷӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон чун яке аз омилҳои муҳим арзёбӣ мешуд. Роҳбари давлат ба ин самт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекард ва ба ин мақсад дар қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии бунёди корхонаҳои муштарак ё корхонаҳо бо сармояи хориҷӣ ба вуҷуд оварда шуд. Дар натиҷа, дар соҳаҳои гуногуни саноатӣ чандин корхонаи муштарак таъсис ёфт, ки саҳми онҳо дар истеҳсолоти ватанӣ сол то сол меафзояд. Вижагии чунин корхонаҳои ҳозиразамон дар он аст, ки онҳо барои истеҳсоли номгӯи васеи маҳсулоти ба рақобат тобовар имконият фароҳам меоранд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноати сабук корхонаи муштараки коркарди нахи пахта ва то маҳсулоти ниҳоии бофандагӣ ва дӯзандагӣ расонидани он ба нақша гирифта шуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ