Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Роҳбари давлат ба сатҳи иштироки кишварҳои ҳамёр дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунад.
Масалан, чанд сол қабл Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо кишварҳои Ғарб баҳои баланд дода, дар баробари ин зикр намуд, ки сатҳи ҳамкории бунёдии иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ бо сатҳи равобити сиёсӣ ва шарикии байналмилалии Тоҷикистон бо ин кишварҳо мутобиқати пурра надорад. Ӯ зикр намуда буд, ки бо кишварҳои алоҳида ҳамкорӣ аз доираи харидории ашёи хом берун намебарояд.
5. Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ.
Ҳамзамон бо таъмини рушди иқтисод Роҳбари давлат дар назди возорату муассисаҳои марбута вазифа гузошт, ки ба афзоиши маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ аҳамияти хоса диҳанд. Аз ҷумла, соли 2005 ба Ҳукумат ва вазорати иқтисод ва савдо дастур дод, ки «ба мақсади таъмини сиёсат дар бахши фаъолияти иқтисодии хориҷӣ»
«якҷоя бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва молҳои воридотро ивазкунанда, барномаҳои мушаххас таҳия намоянд».
Мақсад аз пеш гирифтани чунин сиёсат пурқувват кардани иқтисоди миллӣ, ба кор андохтани зарфиятҳои мавҷуда ва коҳиш додани вобастагии бозори он аз молҳои хориҷӣ буд. Бо қабул шудани Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 вазифаҳои нав пеш омаданд, ки дар робита бо иҷрои саривақтии он Роҳбари давлат дар соли 2011 амалӣ намудани тадбирҳои зеринро пешниҳод намуд:
«Якум, азнавсозии сохтории истеҳсолот ба мақсади самтдиҳии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба рушди афзалиятнок ва босуръати корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва диверсификатсияи содирот.
Дуюм, тадриҷан даст кашидан аз тамоюли ашёи хом доштани содирот ва рушди мақсадноки соҳаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти дараҷаи баланди коркард.
Сеюм, ташкили низоми умумидавлатии дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содирот, инчунин ташкили шабакаи ҳозиразамони қарздиҳӣ барои содирот ва суғурта».
6. Таҳияи пойгоҳи ҳуқуқии ташвиқи ҳамкориҳои хориҷӣ.
Вобаста ба ин вазифа Роҳбари давлат қайд намуда буд, ки ҷалби сармоягузориҳо муҳити солим ва заминаи мусоидро тақозо менамояд.
Ба мақсади ривоҷ додани дипломатияи иқтисодӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо ҳамёрони хориҷӣ, ташаккули иқлими мусоиди сармоягузорӣ, бахусус ҷалби сармояи берунӣ дар самти ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии он корҳои зиёде ба сомон расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё