Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин маврид ба соддатару шаффоф гардонидани ҳалли масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти бештар дода мешавад. То имрӯз дар ин росто корҳои алоҳида ба сомон расидаанд ва метавон гуфт, ки бақайдгирии корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ, корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, низоми супоридани андоз ва дигар намудҳои пардохт соддатар шуд.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоту печидагиҳо ҳастанд ва бесабаб нест, ки Тоҷикистон сарфи назар аз кӯшишу талошҳо дар ҷадвали рейтингҳои ҷолибияти сармоягузорӣ хеле поён қарор дорад. Интизор меравад, ки дар ҳошияи иҷрои супориши Роҳбари давлати Тоҷикистон дар бобати мувофиқ кардани низоми андоз ба талаботи муосир ин ҷиҳат низ ба инобат гирифта хоҳад шуд.
7. Ривоҷ додани савдои берунӣ.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти ҷумҳурӣ ривоҷ додани савдои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷӣ табдил ёфт. Ин самт солҳои аввал дар доираи робитаҳои қаблӣ, аслан бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил сурат гирифта, тадриҷан бо таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ бо соири кишварҳо низ рушд ёфт. Бо назардошти имкониятҳои ҷумҳурӣ савдои хориҷӣ ва табодули мол асосан ба воридот такя намуда, рушди динамикӣ ва устувор надошт. Соли 2005 Роҳбари давлат ба ин тамоюли ноустувор ишора ва таъкид намуд, ки сабаби асосии ин дар кам будани номгӯи маҳсулоти содиршаванда, ки асосан аз алюминий ва нахи пахта иборат буда, пурра аз тағйироти нархҳои ҷаҳонии ин маҳсулот вобастагӣ дорад, мебошад. Он вақт ин андешаро тақвият бахшида, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буд, ки рушд ва сохтори савдои хориҷӣ ба талаботи рӯз ва пеш аз ҳама ба иқтидори воқеии содиротии кишвар мувофиқат намекунад.
Аллакай чандин сол аст, ки ҷумҳурӣ бо беш аз сад давлат аз панҷ қитъаи олам табодули мол сурат медиҳад. Вале тавре зикр гардид, дар ин самт ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротии ҷумҳурӣ бояд корҳои зиёде амалӣ шаванд.
8. Рушди ҳамкориҳои бонкӣ.
Ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва бонкҳои хориҷӣ самти муҳимест, ки Роҳбари давлат муваффақияти амалӣ шудани лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармояи хориҷиро ба иқтисоди Тоҷикистон дар он мебинад. Аз ин лиҳоз, дар миёни дигар вазифаҳо кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои хориҷиро дар кишвар аз самтҳои муҳими сиёсати пуливу қарзии давлат ҳисобидааст.
Дар ин қарина Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар дар соли 2008 зикр намуда буд, ки «мусоидати ҳамаҷониба барои анҷом додани лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои нав ва бунёд намудани ҷойҳои нави корӣ ҳамчун масъалаҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷии давлат мебошанд».

пешина
аз 228
навбатӣ