Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «ба мақсади ҳалли масъалаҳои зикргардида ва суръатбахшӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Фонди байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо ва Бонки исломии рушд идома хоҳем дод».
9. Таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
Роҳбари давлат тайи чанд соли охир ба таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба мақсади ҷалби сармоя таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Дар натиҷа соли 2008 дар бораи ташкил кардани ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон тасмим гирифта шуд, ки дар оянда бояд ба рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва тиҷорат такони ҷиддӣ бахшанд. Дар баробари ин ҳамасола ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин дигар мақомоти дахлдор дастур дода мешавад, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоя лоиҳаҳои инвеститсионии навро таҳия карда, ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод созанд.
10. Дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо.
Таҷрибаи ҳосилшуда дар давраи истиқлолият собит сохт, ки муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳимеро иҷро мекунанд. Бо дарназардошти ин, Роҳбари давлат дар бобати шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ба Ҳукумат ва вазорату муассисаҳои марбута супоришҳо дод.
Бо назардошти кӯшишҳои қотеъонаи Тоҷикистон, соли 2002 ҷумҳурӣ аз ҷониби СУС ҳамчун нозир эътироф гардид ва гуфтушунидҳоро дар мавриди узвият ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ идома дод.
Корҳои омодагӣ ҷиҳати дохил шудан ба СУС асосан дар ду самт идома доранд: якум, бартараф намудани тамоми монеаҳои мавҷуда, ба талаботи системаи бисёрҷонибаи савдо мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ; дуюм, ҷараён додани гуфтушунидҳо бо СУС ва кишварҳои алоқаманд ҷиҳати омода кардани ҷумҳурӣ ва шомил намудани он ба ин созмон. Корҳои омодагӣ барои дохил шудан ба СУС пурра ба анҷом расиданд ва дар ҳафтаҳои наздик масъалаи ба ин созмон дохил шудани Тоҷикистон ҳалли худро хоҳад ёфт.
Бояд зикр намуд, ки ба мақсади истифода аз имкониятҳои хориҷӣ дар рушди кишвар бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ва дипломатияи бисёрсамта тадбирҳои зиёде рӯи кор омаданд. Дар ин самт Роҳбари давлат ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард. Дар натиҷа тайи солҳои охир роҳандозии дипломатияи иқтисодӣ ба яке аз вазифаҳои асосии Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон табдил ёфт.

пешина
аз 228
навбатӣ