Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба мақсади самаранок намудани ин самти фаъолият дар Консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 августи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид, таъсис додани Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ гардид.
Қадами дигар – ин мутобиқгардонии кори намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа бо талаботи муосир ва фаъол намудани он дар ҷодаи дипломатияи иқтисодӣ мебошад. Дар ин қарина ҳоло дар назди сафорату муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа чанд вазифа истодааст, ки мақсад аз онҳо фаъолгардонии ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, дастгирии лоиҳаҳои иқтисодӣ, дарёфт намудани ҳамёрони боэътимод, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар дар бахши роҳандозӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ, чораандешиҳо ҳангоми бартараф намудани мушкилоти алоҳида, амалӣ намудани лоиҳаҳои ҷудогона ва пешниҳод намудани таклифҳо ба сохторҳои дахлдори кишвар мебошад.
Дар айни замон намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа мувофиқи имкониятҳои худ корҳои мушаххасро амалӣ месозанд.
Ҷараён додани чунин тадбирҳо дар чанд самт сурат мегирад.
Яке аз чунин самтҳо кор бо вазорату муасисаҳои давлатии кишвари иқомат дар бобати ба вуҷуд овардани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳост. Дар натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳо лоиҳаҳои санадҳои лозимӣ таҳия ва ба мувофиқа расида, ҳангоми сафарҳои расмии сатҳи олӣ ё баланд ба имзо мерасанд. Ҳоло бо аксари кишварҳои ҳамёр санадҳои зарурӣ, аз ҷумла, роҷеъ ба канораҷӯӣ аз андозбандии дукарата, ташвиқи сармоягузории дуҷониба, оид ба ҳамкориҳо дар саҳаҳои гуногун – саноат, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои авлавиятнок ба имзо расидаанд. Бояд зикр намуд, ки мустаҳкам намудан ва инкишоф додани пойгоҳи ҳуқуқии муносибатҳо кори доимии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ буда, вобаста ба таваҷҷӯҳу манфиати тарафҳо ривоҷ дода мешавад. Дар ин самт бо баъзе кишварҳо, аз ҷумла, Россия, Украина, Афғонистон, Қирғизистон ҳамкориҳои миёни вилояту минтақаҳои ду ҷониб ба роҳ монда шудааст, ки дар ин ҳолат ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ ба робитаҳои хориҷӣ бевосита ҷалб мешаванд.
Паҳлӯи дигари кори намояндагони дипломатӣ ҷиҳати роҳандозии дипломатияи иқтисодӣ ҷараён додани мулоқоту гуфтушунидҳо бо вазорату муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорон, ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони кишвари иқомат мебошад. Дар чунин вохӯриҳо дипломатҳои тоҷик ҳамсӯҳбатони худро бо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ шинос намуда, дар бораи қонунгузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузории хориҷӣ, бахшҳое, ки дар онҳо сармоягузорӣ муфидтар аст, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, тартиби таъсис додани корхонаҳои муштарак ё сирф бо сармояи хориҷӣ маълумот медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё