Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аммо ҳанўз ҳам ҳокимони муғулӣ наметавонистанд ва ба эҳтимоли зиёд намехостанд имтиёзе ба фарҳангу тамаддуни сокинони маҳаллӣ – тоҷикон қоил шаванд. Ин буд, ки баъди ба сари ҳокимият омадани Дуво (Даво Чичон, Туво: 1291-1306) ва писарони ў Кунчек (1306-1308), Эсен Буғо (1309-1318), Кебек (1318-1326) онҳо ба ойини бутпарастии хеш содиқ монданд. Кебек, бо вуҷуди ин, ки то дами марг бутпараст монд, пиромуни худ рўҳониёни тоҷик ва бозаргонони онро гирди ҳам овард ва сиёсати тамаркуз бахшидан ба ҳокимиятро пеш гирифт, ки хилофи усули давлатдории муғулӣ дар ин сарзамин буд. «Кебек, – менависад Ибни Баттута, – мусулмононро икрому эҳтиром менамуд» [7, 447] ва Хондамир мегўяд, ки «ба иттифоқи муаррихон Кепекхон мазҳари осори адлу эҳсон ва матлаи анвори лутфу имтинон буд» [6, 90].
Имтиёз бахшидан дар умури идории давлат ба тоҷикони шаҳрнишин таниши дохилии давлатро шиддат бахшид. Буҳрон замоне рух дод, ки хони навбатии чағатоии Мовароуннаҳр Тармаширин, бародари Кебек ба хотири тақвияти қудрати хеш дар Мовароуннаҳр исломро пазируфта, ба худ исми Алоуддинро гирифт, ки муҷиби муқовимати навмедкунандаи пешвоёни қабоили муғулӣ ва туркӣ гардид [7, 422-423]. Дар ин иртибот Муинуддини Натанзӣ мефармояд: «Баъд аз бародар (Тармаширин) бар сарири салтанат мутамаккин шуд, аммо қалами ёсоқ бар рақами асомии уруғ ва қиёши худ кашида, абвоби сиёсатро масдуд гардонид ва ба воситаи он халали тамом турои қоҳира роҳ ёфт ва ба ҳар гўшае мутағаллибе сар баровард» [10, 90].
Ба ин сиёсати Тармаширин, ки ошкоро ба таври умум ба мусулмонон ва ба таври хос ба сокинони Мовароуннаҳр муносиб буд, ашрофи низомӣ-кўчии муғул хасмона муносибат мекарданд. Бо ин ҳама Тармаширин дар Мовароуннаҳр қудрати худро ҳифз кард, аммо дар Муғулистон аз ин амали ў хашмгин шуданд ва дар интизори фурсати муносибе барои аз миён бардоштани ў менишастанд.
Аз замони гаравидани Тармаширин ба дини ислом ба баъд мазҳаби расмии хонҳои муғулии Мовароуннаҳр ва муғулони муқими он сарзамин, ки аз аҳди вазорати Масъудбек (амири Мовароуннаҳр солҳои 1238-1289) ва хонии Бароқхон (1266-1271) ба ислом тамоюл пайдо карда буданд, расман дини ислом гардид [1, 583]. Сабаби асосии ин амал чуноне ки зикр шуд, на аз муҳаббату садоқати хонҳои муғул ба ислом, балки барои пойдории ҳукумати худ дар Мовароуннаҳр онҳо аз кеши бутпарастӣ даст кашиданд, зеро медонистанд, ки мардум ба хотири оини бутпарастияшон ба онҳо ошкоро ҳам набошад, аммо дар ниҳон нафрат доранд. Муҳаққиқи эронӣ Ш. Баёнӣ низ ба ин назар аст, ки «коргузорони ҷағатоӣ ба вузўҳ дарёфта буданд, ки дин (-и ислом) пуштибони бузурге барои элхониён ва ҳамчунон барои улуси Ҷуҷӣ дар пешбурди сиёсатҳои минтақаии онон аст» [3, 280].

пешина
аз 162
навбатӣ