70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ибни Баттута аз Тармаширин чун султони муаззам, подшоҳе баландқадр, неруманд, додгустар ёд мекунад, ки кишвари паҳновар ва сипоҳиёни бешумор дошт ва пас аз бародари худ Илҷукутӣ (Илчигидой) ба салтанат расид [7, 447].
Аз дидорбинии аввалини худ Ибни Баттута менависад, ки чи гуна ў ин хони муғулро дар хиргоҳаш дарёфтааст ва тавсифи Баттута пиромуни муқаррароти пазироии хони муғул мунҳасир ба фард аст:
«Боре дохили хиргоҳ (-и Тармаширин) рафтам ва подшоҳро дидам нишаста бар курсии минбармонанде, ки пўшише аз абрешими зарбофт дошт. Андаруни хиргоҳро низ аз ҳамон навъ порча кашида буданд. Тоҷе мурассаъ ба ҷавоҳиру ёқут аз болои сари подшоҳ овехта буд, ки то сари подшоҳ ба андозаи як зироъ фосила дошт. Умарои бузург аз чапу рост рўи сандалиҳо қарор доштанд ва шоҳзодагон бодбезҳо дар даст фарорўи султон буданд. Ноиб ва вазиру ҳоҷиб ва соҳиби аломат (муҳрдор) дами дари хиргоҳ буданд, ки ҳар чаҳор тан ба вуруди ман ба пой бархостанд ва бо ҳам ворид шудем» [7, 448- 449]. Дар идома Ибни Баттута менависад, ки: «Аз ин пас (яъне аз замони шиносоӣ бо Тармаширин) намозро бо султон ба ҷой меовардам ва агарчи дар он рўзҳо сармои шадиду муҳлике ҳукмфармо буд, султон намози ҷамоатро субҳу шом тарк намекард ва пас аз намози субҳ то ҳангоми тулўи офтоб бар саҷҷода менишаст ва авроду аскоре ба туркӣ мехонд» [7, 449].
Ибни Баттута ба ин нукта мултафит мешавад, ки баъди гузашти як садаву андаке аз ҳодисаи муғул дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр нуфузи аҳли тариқату шариат ва илми ин сарзаминҳо ба намояндагони ҳукуматгари муғулӣ ошкоро ба назар мерасад. Дар зимн ў ҳикояти ба намоз таъхир кардани Тармаширин ва ўро интизор нашудани имоми масҷид хеле ҷолиб аст, ки иқтибоси он ин ҷо ба маврид аст ва далели тасдиқи суханҳои фавқуззикр роҷеъ ба зери бори нуфузи қишри мизонулҳавои ҷомеа – рўҳонияти Мовароуннаҳр рафтани хони муғул мебошад: «Рўзе ба ҳангоми намози аср яке гумоштагон саҷҷодаи вай (Тармаширин)-ро ба масҷид овард ва ҷилави меҳроб дар маҳалле, ки маъмули вай буд, бигустард ва ба имом Ҳисомуддини Ёғӣ (имоми ҷамоат) гуфт: «Мавлоно (яъне Тармаширин) мехост қадре мунтазири ў бошед, то вузў бисозад». Имом бархосту гуфт: «Намоз барои Худо ё барои Тармаширин?» Ва муаззинро бифармуд, то иқома бигўяд. Султон ҳангоме фаро расид, ки ду ракаъати аввал хонда шуда буд ва ночор ду ракъати охирро наздики кафшкаши масҷид бо ҷамоат хонд ва ду ракъати нахустинро худ ба таври инфиродӣ адо кард. Он гоҳ пеши имом омаду бо вай мусофиҳа кард ва бо рўи хандон ҷилави меҳроб паҳлуи ў нишаст. Ман низ паҳлуи имом будам ва ў рўй ба ман карду гуфт: «Вақте ба кишвари худ рафтӣ, бигў, ки дарвеши эронӣ бо султони турк чунин муомила мекунад» [7, 449-450].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё