Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ибни Баттута пас аз панҷоҳу чаҳор рўз таваққуф дар Насаф азми сафар ба ҷониби Хуросон мекунад. Дар рўзи сафари Баттута Тармаширин ба ў ҳафсад динори нуқра дода, як пўстини самур, ки ба қавли муаллиф ба сад динор меарзид, ба ў ҳадя мекунад. «Пўстинро,
– менависад Ибни Баттута, – ман худ барои дафъи сармо аз ў хостам ва чун ин изҳорро кардам, аз рўи марҳамат ва фурўтанӣ остинамро ба даст гирифту баъд дасти худро бўсид ва низ ду асп бо ду шутур ба ман бахшид» [7, 450].
Нуктае, ки дар ин гузориши Ибни Баттута бисёр муҳим ба назар расид ва дар манобеи ҳамзамони ин асар ва баъди он назирашро суроғ надорем, ин ахбори ў роҷеъ ба Тармаширин баъди соли 1336 мебошад.
Бино ба ахбори Ибни Баттута ду сол пас аз он ки аз назди Тармаширин ба Ҳиндустон рафт, «бузургони элу умарои муғул дар ақсои нуқоти кишвари султон, ки наздики Чин аст, анҷумане карда ва писари амми (бародари падар) ўро (Тармаширинро) бо номи Бузан уғлӣ ба салтанат бардоштанд» [7, 450]. Ибни Баттута аз Бузан, писари бародари Тармаширин – Давотемур, чун марди баддину зиштхўй ёд карда, сабаби барканории Тармаширинро аз ҳукумати Мовароуннаҳр дар ин сабаб мебинад: «Тармаширин аҳкоми Чингизи малъун, ҷадди муғулонро, ки билоди исломро вайрон сохт, муҷрӣ намедошт. Чингиз китобе гирд оварда буд, ки «Ясоқ» (Ёсо) номида мешуд ва муғулонро ақидат чунон аст, ки чун амире аз аҳкоми он китоб сарпечӣ намояд, халъи ў воҷиб аст. Аз ҷумлаи аҳкоми «Ясоқ»
он аст, ки бузургони қавм соле як бор гирди ҳам оянд ва ин иҷтимоъро «тўй» номанд, ки ба маънии рўзи зиёфат аст. Дар он рўз авлоди Чингиз ва умаро аз атрофу акноф ҷамъ мешаванд, хотунҳо ва бузургони лашкар низ фароҳам меоянд ва агар подшоҳ чизе аз аҳкоми «Ёсо»-ро тағйир дода бошад, бузургони қавм мавориди онро мегўянд ва гуноҳони вай бармешуморанд ва он гоҳ дасти ўро гирифта, аз маснади фармонравоӣ ба зер мекашанд ва яке дигар аз фарзандони Чингизро ба ҷояш менишонанд. Ҳамчунин агар яке аз умарои бузург муртакиби гуноҳе шуда бошад, таъйини муҷозоти вай бо ҳамин иҷтимоъ (тўй) мебошад» [7, 451].
Ибни Баттута дар идома таъкид мекунад, ки Тармаширин пушти по ба ин расм зада, суннати муғулии тўй (қурултой)-ро ботил намуд, ки ин амал ба муғулон сахт гарон омада, алайҳи Тармаширин ба мухолифат бархостанд. Умарои муғул ба Тармаширин, бавижа ин эродро гирифтанд, ки чаҳор сол ба марзу буми аслии муғул ва ба пойтахти он Алмолиқ нарафтааст, ки он аз дерзамон аз анъанаҳои ҳокимони муғул будааст, ки ҳамасола аз он ҷо дидан кунанд ва бо вазъи мардуму сипоҳиён аз наздик ошноӣ ҳосил намоянд [7, 451].

пешина
аз 162
навбатӣ