70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Академик В. В. Бартолд ба ин нукта таваҷҷуҳ кардааст, ки Ибни Баттута ба ҷои вожаи «қурултой» калимаи «тўй»-ро истифода карда ва бо иттико ба ахбори Баттута дар идома зикр мекунад, ки Тармаширин дар ин замон туйро даъват нанамуд, ки ин амал яке аз иттиҳомоте буд, ки қиёми ҳамқабилаҳояшро алайҳи ў тавҷеҳ мекард [4, 162-163].
Бино ба ахбори Ибни Баттута умарои муғул Бузан уғлӣ, писари бародари Тармаширин – Давотемурро ба фармонравоӣ интихоб карданд ва ў ба сўи Тармаширин лашкар кашид. Тармаширин бо понздаҳ савори хеш ба сўи ҳокими шаҳри Ғазна, Бурунтия, ки ба қавли Баттута «маҳрами асрор ва бузургтарин сардорони ў буд», равона шуд. «Чун Тармаширин рўдхонаи Ҷайҳун убур кард, – зикр мекунад Баттута, – роҳи Балх дар пеш гирифт, яке аз туркон, ки аз ҷумлаи ҳаводорони Янақӣ бародарзодаи Тармаширин (писари Кебек) буд, ўро дид ва бишнохт. Тармаширин бародари худ Кебекро кушта буд ва Янақӣ, писари Кебек дар Балх буд. Вай чун аз ҳаракати Тармаширин ба он ҳудуд иттилоъ ёфт, бо худ андешид, ки албатта хабаре буда, ки Тармаширин гурехтааст ва ба ҳамин андеша бо гурўҳе аз ҳаводорони худ сари роҳи Тармаширин бигирифт ва ўро банд кард» [7, 452].
Дар иртиботи иттилои Ибни Баттута, ки Тармаширин бародари худ Кебекро ба қатл расонида, ба қудрат расидааст, ахбори Абдурраззоқи Самарқандӣ «дар ин сол (721 ҳ.қ.) подшоҳи Мовароуннаҳр Кепек ба марази табиӣ вафот ёфт» [9, 87], Хондамир, ки менависад:
«дар санаи 721 ба сабаби ҳулули аҷали табиӣ Кепекхон гунгу лол гашта» [6, 90] ва Натанзӣ, ки мегўяд Кебек дар соли 721 ҳ. қ./1321 «ба марази табиӣ фурў рафт» [10, 90], бо он муғойират доранд. Бояд гуфт, ки Кебек соли 1326 дунёро тарк мегўяд ва хабари Абдурраззоқи Самарқандӣ, Хондамир ва Натанзӣ дар зикри соли вафоти Кебек иштибоҳ аст. Хабари Ибни Баттута дар мавриди марги Кебек шояд бештар мутмаинтар бошад, зеро ў шоҳиди бевоситаи аҳволи Тармаширин буд. Дигар ин ки писари Кебек-Янақӣ шояд Тармаширинро ба хунхоҳии падараш асир карда, ба Самарқанд фиристода бошад, ки баъдан Бузан ўро, бино ба гуфтаи Ибни Батута «дар яке аз вайронаҳои атрофи Самарқанд ба қатл расонид ва дар ҳамон ҷо ба хокаш супурда ва шайх Шамсуддини Гарданбурида ходими турбати ў будааст» ва дар идома менависад, ки «вале бархе дигар кушта шудани Тармаширинро бовар надоранд» [7, 452] ва ахбори онро дар рухдодҳои сафараш дар Ҳиндустон, дар фасле зери унвони «Зуҳури муҷаддади Тармаширин» [7, 452-454] зикр мекунад.
Хондамир дар иртиботи кушта шудани Тармаширин менависад, ки «ба таърихи 728 ҳ.қ. бародарзодаи Тармаширинхон ибни Бузон ибни Дувотемур ибни Дувохон аз он ҷиҳат лашкар ба Мовароуннаҳр кашид ва дар манзили Қузимундоқ бо Тармаширинхон ҳарб карда, ўро ба шаҳодат расонид» [6, 91] ва каме баъдтар менависад, ки аз «Матлаъ-ус-саъдайн» чунон ба вузўҳ мепайвандад, ки Тармаширинхон дар санаи 727 ҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё