Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

қ. дар Нахшаб мариз гашт ва он ориза иштидод ёфта, даргузашт» [6, 91]. Аммо дар «Матлаъ-ус-саъдайн»-и Абдурраззоқи Самарқандӣ чунин омадааст: «Чун подшоҳ Тармаширин авохири санаи 726 ҳ.қ. /1325-1326 аз амир Ҳусайн ибни амир Чўпон мунҳазим шуда, ба Мовароуннаҳр рафт, чунон чи мазкур шуд, дар мамолики Ҷағатоӣ ба ҳар гўша мутаадде сар бароварда буд ва ўро ихтиёре намонда, ногоҳ дар Нахшаб санаи 727 (1326-1327) вафот ёфт» [9, 125-126].
Мусаҳҳеҳи ин китоб Абдулҳасани Навоӣ «Матлаъу-с-саъдайн»-ро аз рўи се нусха муқобила ва таҳия кардааст. Нусхаи аввал аз китобхонаи Исмоили Афшор (Эрон) буда, бо рамзи «ف» нишон дода шуда, «Матлаъ-ус-саъдайн» аз рўи он таҳия гардидааст, ки соли вафоти Тармаширин 727 ҳ.қ. (1326-1327) мебошад. Ду нусхаи дигари «Матлаъу-с-саъдайн», ки нусхаи аслӣ бо онҳо муқобила шудааст, аз китобхонаи Асадафандии Истамбул зери шумораҳои 2098 бо рамзи «س» ва 5125 бо рамзи «ک» буда, бино ба нусхаи 2098 санаи вафоти Тармаширин соли 738 ҳ.қ. (1337-1338) ва аз рўи нусхаи 5125 соли 729 ҳ.қ. (1328-1329) зикр гардидааст [9, 126].
Хони Хива Абдулғозихон (1603-1664) дар рисолаи «Шаҷарату-латрок»-и хеш бидуни зикри сол менависад, ки Тармаширин ба дасти бародари хеш Бузанхон ба қатл мерасад [2, 12].
Чуноне ки дида мешавад, муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба санаи вафоти Тармаширин назари воҳид надоранд. Ба яқин ин, ки Тармаширин соли 727 ҳ.қ. ва ё соли 729 ҳ.қ. вафот накардааст, зеро Ибни Баттута бо Тармаширин дар охири баҳор ва авоили тобистони соли 735 ҳ.қ., ки баробар ба моҳи май-июни соли 1335 аст, дар Насаф мулоқот дошт. Соли 738 ҳ.қ., ки дар нусхаи 2098 «Матлаъу-ссаъдайн» соли вафоти Тармаширин омадааст, ин солест, ки ба қавли Ибни Баттута ўро аз вазифа канор зада буданд.
Билохира ба сари матлаби ба қавли Баттута «зуҳури муҷаддаи Тармаширин» меоем. Ибни Баттута дар идомаи баёни шарҳи ҳоли Тармаширин гузориш медиҳад, ки чун Бузан ба ҳукумати Мовароуннаҳр мустақир гардид, писари Тармаширин – Башой уғул ҳамроҳи хоҳару шавҳари хоҳари худ Фирўз ба султони Ҳинд – Муҳаммад ибни Туғлуқ (725-752 ҳ.қ./1325–1351), ки бо Тармаширин собиқаи дўстӣ дошт, ба ҳадде, ки якдигарро дар номаҳо «бародар» хитоб мекарданд, паноҳ бурданд [7, 452].
«Собиқаи дўстие»-ро, ки Ибни Баттута миёни Тармаширин ва Муҳаммад ибни Туғлуқ зикр мекунад, дар он мебинем, ки соли 1327 Тармаширин ба ҷониби Ҳинд лашкар кашида, Мултону навоҳии атрофи онро ғорату вайрон намуда, Гуҷаротро тохта, аз вилояти Деҳлӣ ғаноим ва асирони зиёдеро ба даст овард. Тармаширин бо пардохти товони ҷанг мувофиқат кард, ки бо Муҳаммад ибни Туғлуқ сулҳ бандад [6, 90; 13, 280].

пешина
аз 162
навбатӣ