70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ибни Баттута дар фасли «Зуҳури муҷаддади Тармаширин»-и «Сафарнома»-и хеш менависад, ки шахсе ба Синд омада, муддаӣ шуд, ки ман Тармаширинам. Ин сару садо то Имодулмулк – волии сарзамини Синд, ки дар Мултон, пойтахти Синд менишаст, расид. Ӯ чанд нафареро, ки бо Тармаширин ошно буданд, барои расидагӣ ва таҳқиқи ин масъала маъмур кард. Маъмурини Имодулмулк пас аз дидани ин шахс тасдиқ карданд, ки ў ҳамон Тармаширин аст. Имодулмулк фармон дод, то дар хориҷи шаҳр барои ў хайма ва хиргоҳи шоҳона ороста, ўро бо эҳтироми зиёд он ҷо оварданд. «Имодулмулк худ ба истиқбол шитофт ва пеши ў аз асп фурўд омад ва салом карду то сароча дар илтизоми ў буд. Тармаширин ба одати мулук савора дар дохили сароча омад ва касе тардиде дар ҳувияти ў накард. Имодулмулк султони Ҳиндро аз достон огоҳ сохт ва амирон ба истиқболи ў зиёфатҳо фиристоданд» [7, 452-453].
Дар хидмати султони Ҳинд – Муҳаммад ибни Туғлуқ табибе буд, ки собиқаи хидмат дар дарбори Тармаширин дошт ва думмали (фурункул)-и соқи ўро табобат карда буд, хост аз ин роз парда бардорад. «Табиб, менависад Ибни Баттута, – ба дидори Тармаширин рафту зери чашме дар пойи ў ҳаменигарист. Тармаширин барошуфту сақаташ (дашном) гуфту пурсид: «Мехоҳӣ ҷои думмалеро, ки муолиҷа кардаӣ, бубинӣ?» Он гоҳ ҷои захм бад-ў бинмуд ва пизишк султонро аз ҳақиқати ҳол биогоҳонид» [7, 453].
Бино ба иттилои Баттута, вақте ба ҳақиқат исбот шуд, ки ин шахс Тармаширин аст ва чиҳил ҳазор тан аз тоифаи ў ва писару домодаш ин ҷо ҳастанд, вазири Муҳаммад ибни Туғлуқ – Аҳмад ибни Аёс назди султони Деҳлӣ рафта, гуфт: «Оё фикр кардаӣ, ки агар ин идда бар сари ў ҷамъ шаванд, чӣ иттифоқе хоҳад афтод?» [7, 453] Ин сухан Муҳаммад ибни Туғлуқро муассир афтод ва тадбире андешида, фармуд то Тармаширинро ба наздаш биёваранд. Вақте Тармаширинро наздаш оварданд, ў барошуфту гуфт, ки «чи гуна ба дурўғ муддаӣ шудӣ, ки ту Тармаширин ҳастӣ ва ҳол он, ки Тармаширин кушта шуда ва инак ходими турбати вай пеши мост. Агар нангам намеомад, туро мекуштам, аммо мегўям, ки панҷ ҳазор динор бидиҳандат ва ба хонаи Башой уғул (писари Тармаширин) ва хоҳари ў бибарандат ва бигўянд, ки ин дурўғзан иддао мекунад, ки падари шумост. Пас Тармаширин пеши фарзандонаш омад, ки ўро шинохтанд ва шабро назди онон ба сар бурд ва нигаҳбонон муроқиби ў буданд. Чун субҳ шуд, Тармаширинро аз он ҷо берун бурданд. Башой уғул ва хоҳараш бар ҷони худ тарсиданд ва шиносоии ўро мункар шуданд. Баъд аз ин муқаддамот Тармаширинро аз Ҳиндустон табъид карданд ва ў роҳи Кеҷ ва Макрон дар пеш гирифт, то ба Шероз расид» [7, 453-454].
Ибни Баттута дар хотимаи саргузашти Тармаширин менависад, ки ҳокими Шероз Абуисҳоқ Тармаширинро ба эҳтиром қабул кард ва шароите барои зиндагии ў муҳайё сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё