Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Замоне ки Батута аз Ҳиндустон бармегашт, ки ҳафт сол – солҳои 1335-1342 дар он ҷо муқим буд, шунид, ки Тармаширин ҳанўз дар қайди ҳаёт аст ва хост бо ў мулоқот кунад, «лекин худдорӣ намудам,
– менависад ў, – зеро вай дар хонае таҳти назар буд ва мулоқот бо ў фақат бо иҷозаи хоси султон Абуисҳоқ муяссар мешуд ва ман тарсидам, ки мулоқоти мо мояи суизан гардад, вале баъдҳо аз ин, ки ба дидори вай нарафтам, мутаассиф шудам» [7, 454].
Академик В. В. Бартолд, ки аз рўи чаҳорчўби замонӣ ба сари қудрат омадани намояндагони хонадони муғулӣ дар Мовароуннаҳр дар пажўҳишаш зери унвони «Очерк истории Семиречья» [5, 23-106] тавзеҳ медиҳад, пиромуни Тармаширин бештар ба ахбори Ибни Баттута такя карда, кушта шудани Тармаширинро ба дасти Бузан зикр мекунад [5, 76], аммо ҷойи тааҷҷуб аст, ки фасли «Зуҳури муҷаддади Тармаширин»-ро, ки ахбори бисёр нодир дорад ва қатли Тармаширинро дар Самарқанд зери суол мебарад, нодида гирифтааст.
Хулоса, он, чи Ибни Баттута роҷеъ ба сарнавишти Тармаширин менависад, ҷойи андешидан дорад, зеро роҷеъ ба замони марги табиӣ ва ё қатли ў манобеи таърихии баъди «Сафарнома»-и Баттута ихтилофи назар доранд. Аз ин рў, маълумоти «Сафарнома»-и Ибни Баттута чун сарчашмаи дасти аввал роҷеъ ба масъалаи фавқуззикр метавонад мавриди эътимод бошад.

АДАБИЁТ:
1.Аббос Иқболи Оштиёнӣ. Таърихи муғул ва авоили айёми Темурӣ. Ҷилди аввал ва дувум. Нашри севум. Теҳрон: Моҳиманзар, 1386. – 654 с.
2.Абдулгачи Баядурхан. Родословная история о татарах. Т.II. Перевод с французского. Императорская академии наук. Санкт-Петербург, 1871. – 480 с.
3.Баёнӣ Ш. Муғулон ва ҳукумати Элхонӣ дар Эрон. Чопи шашум. Теҳрон, 1387. – 371 с.
4.Бартольд В.В. Двенадцать лекций по истории турецких народов Средней Азии//Сочинения. Т.V. М., 1968. С.19-192.
5.Бартольд В. В. Очерк истории Семиречья//Сочинения. Т.II. Ч. 1. Москва:
Изд-во Восточной литературы, 1963. С.23-106.
6.Ғиёсуддин ибни Ҳумомуддин Хондамир. Ҳабиб-ус-сияр фи ахбори афроди башар. Зери назари М.Сиёқӣ. Чопи чаҳорум. Теҳрон: Ҳайдарӣ, 1380.-759 с.
7.Ибни Баттута. Сафарнома. Ҷилди аввал. Тарҷумаи Муҳаммадалии Муваҳҳид. Чопи шашум. Теҳрон. 1376. – 639 с.
8.История таджикского народа. Т. III. Душанбе: Дониш, 2013. – 579 с.
9.Камолуддин Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъул-баҳрайн. Ҷилди I. Чопи аввал. Теҳрон: Пажўҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ, 1383. – 443 с.
10.Муинуддини Натанзӣ. Мунтахаб-ут-таворихи Муинӣ. Мусаҳҳеҳ Парвини Истахрӣ. Теҳрон: Асотир, 1383. – 458 с.
11.Низомуддини Шомӣ. Зафарнома. Баргардонанда ба хатти кириллӣ.
А.Муродзода. Душанбе: ЭР-Граф, 2019. – 488 с.
12.Саидкулов Т. С. Очерки историографии истории народов Средней Азии.
Ч.I. Ташкент: Уқитувчи, 1992.-189 с.
13. Тимофеев И.В. Ибн Баттута. Серия жизнь замечательных людей. Москва:
Молодая гвардия, 1983.

пешина
аз 162
навбатӣ