70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Дар маъхазҳои юнонию римӣ ва ҳам паҳлавию суғдӣ ва чинӣ дар ин бобат баъзе ишораҳо ҷой доштанд. Онҳоро мебоист дарёфт кард.
Дар натиҷаи ҳафриёти мунтазами гурўҳи бостоншиносони ЭБКШТ ин масъала низ ҳалли худро пайдо кард. Бостоншиносон зери роҳбарии Н. Неъматов зинаҳои нахустини раванди шаҳрсозӣ ва шаҳрнишини (урбанизация)-ро комилан таҳқиқ намуданд. Ҳафриёти доманадори қалъаи Хуҷанд ва дижи он (Т. Беляева) собит кардаанд, ки дар ин маҳал дар ҳазораи I-и то м., як силсила шаҳрак ва деҳкадаҳо ба миён омаданд, ки дар онҳо раванди шаҳришавӣ (урбанизация) ба чашм мерасид. Яке аз чунин шаҳракҳо Хуҷанди аҳди бостон аст, ки он дар поёноби рўди кўҳии Такоб (аз асри XII-XIII Хоҷа Боқирғон маъруф буда) дар маҳалли пайвастшавии рўди Такоб ба рўди Яксарт, дар пайванди тамаддунҳои сакоӣ ва ҳам суғдӣ рў ба ҳастӣ овардааст.
Дар натиҷаи ҳафриётҳои мунтазами солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 80-ми асри ХХ (Неъматов, Беляева, Билолов, Самойлик) дар қисми соҳили рўди Сири шаҳри Хуҷанд қабатҳои мадании давраҳои қадиму қадимтарини шаҳр (VIII-IV т.м. ва асрҳои III-I т.м.) дарёфт шуд. Дар натиҷаи ин кофтуковҳо масоҳати эҳтимолии шаҳраки қадима, деворҳои муҳофизатии самти шарқии қалъаи давраи антиқа дарёфт шуда, маводи хеле ҳам нодир ба даст омад.
Бо кўшишу заҳматҳои пурдавоми бостоншиносони ЭБКШТ масъалаи баҳсталаб ва тўлонии оид ба маҳалли ҷойгиршавии шаҳраки антиқии Искандарияи Канора ҳалли худро пайдо намуд.
Осори раднопазири ин шаҳрак, дар Хуҷанд, дар ҳудуди қалъаи шаҳрӣ дарёфт шуд. Бо ин ҳама кашфиётҳои нодир ба баҳси тўлонӣ оиди маҳалли ишғоли Искадарияи Канорӣ, ки он дар адабиёти таърихӣ ва ховар-шиносӣ дар тўли зиёда аз 250 сол идома дошт, хотима гузошта шуд.
Чунон, ки амиқ шуд, дар маҳалли тангнои водии Фарғонаи Ғарбӣ, дар соҳили чапи рўди пуроби Яксарт, дар маҳалли ба ин рўд васл шудани рўди кўҳии Такоб хеле бармаҳал, дар асрҳои VIII-IV-и замони то милод, басо барвақт то ба ин диёр лашкар кашидани Искандари Мақдунӣ, ҳаёти шаҳрии Хуҷанди замони архаикӣ идома дошта, онро қабилаҳои шуҷоатманди ин диёри афсунгар асос гузошта буданд [3, 29].
Каме дар поёнтари рўди Сир, дар маҳалли банди оби Фарҳод, дар солҳои 1969, 1974-1980 ҳафриёти дуюмин шаҳри қадими ин ҷо Курушкадаи қадим (асрҳои VI-IV т.м.) оғоз гардид. Бозмондаҳои ин шаҳр истеҳкоми андаке дуртар дар шимолу-ғарбии деҳаи Куркати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд қарор дорад. Аз ҷумлаи кашфиётҳои нодири даҳсолаҳои охир дарёфти қабатҳои асрҳои VI-V т.м. ва ҷой додани Курушкадаи муаллифони қадим дар ҷойи харобаи Ширин-Куркат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё