70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Соли 1974 гурўҳи бостоншиносон дар доманаи самти ҷанубии қаторкўҳи Ширин дахмакҳои дар синаи кўҳ канда шударо ошкор намуданд. Шумораи умумии дахмакҳо, ки дар қабати кўҳ канда гаштаанд, наздик ба 25 адад мерасанд. Одати дар рўи тахтасанги сари кўҳ гузоштани ҷасади мурдаҳо низ ба чашм расидааст. Аз даруни дахма-ғорҳои дар синаи кўҳ канда гашта, осори зиёда аз 700 косахонаи сар, устухони сершумори мурдаҳо, остодон ва ороиши сершумори занона, ки аз тилло, нуқра, биринҷ ва ҳам аз санг сохта шудаанд, ба даст омадааст[2, 267-454].
Яке за дастовардҳои назарраси ходимони илмии ЭБКШТ кашфи маркази шаҳрии замони ибтидои асри оҳан дар Шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Харобаи Нуртеппа дар маҳалли осоишгоҳи Хавотоғи ноҳияи имрўзаи Истаравшан қарор дорад. Ин харобаи шаҳрӣ, ки бо Хуҷанд ва Курушкадаи архаикӣ ҳамаср аст, дар садаҳои VIII-VI то милод дар поёноби қисми даштии дарёча-сойи Сарин (ҳоло Шаҳристон) ба вуҷуд омадааст. Дар ҳафриёти ин харобаи шаҳрии қадима Н. Неъматов, Т. Беляева, А. Мирбобоев, Н. Раҳимов ва У.Эшонқулов иштироки фаъол доштанд [4,35; 6,275-283; 7,25-26].
Манзилҳои ҳафриётшуда, хиёбон ва девору истеҳкомҳо, кўчаҳои шаҳракҳои қадима (аз ҷумла дарвоза, бурҷ ва деворҳои шаҳрӣ ва хандақҳои обии онҳо), ҳамчунин бозёфтҳои зарфҳои сафолӣ, биринҷӣ, аз оҳан ва дигарҳо аз он башорат медиҳад, ки маданияти Нуртеппа хосатан дигар аст ва он дар пайванди харобаҳои маъруфи Эйлатони Фарғона ва Бургулуки Чочи қадим айнияти наздик дорад.
Бозёфтҳои ба даст омада башорат медиҳанд, ки аҳолии қадими Нуртеппа ҳамеша дар равобити қарини тиҷоратию хоҷагидорӣ бо қабилаҳои сакоии ҳавзаи рўди Сир қарор доштанд. Дар маводҳои сафолии Нуртеппа омезиши ду фарҳанги моддӣ-фарҳанги кишоварзӣ ва чорводорӣ ба чашм мерасад. Аҳолии Нуртеппа аз обёрии сунъӣ бархурдор буданд. Бостоншинос У.Эшонқулов осори чанд наҳр ва ҷуйро дар маҳалли Нуртеппа ошкор намуд.
Аз рўи бозёфти сершумори устухондонҳои сафолӣ (оссуария) метавон натиҷабардорӣ кард, ки ҳаёт дар Нуртеппа то асрҳои V–VIII-и милодӣ идома дошт.
Аз рўи осори ба даст омада, се шаҳраки архаикӣ – Хуҷанди қадим, Курушкада ва Нуртеппа, метавон чунин натиҷабардорӣ кард, ки ҳаёти шаҳрӣ дар онҳо дар як вакт, яъне дар ибтидои ҳазораи I-и то милод ба миён омада, ҳар се шаҳрак низ дар овони қадим дар ҳайати империяи Ҳахоманишӣ буданд ва дар асри IV то милод аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ишғол шуданд.
Маҳалли дигари омўзиши бостонӣ аз ҷониби ЭБКШТ харобаи Муғтеппа дар шаҳри Уротеппа қарор дошт. Аввалин хандақҳои бостоншиносон дар Муғтеппа солҳои 1949-1950 аз ҷониби ҳайати бостоншиносони истаравшанӣ ҳафриёт шуда буд. Дертар солҳои 1959, 1960, 1969, 1970, 1973, 1974 дар қитъаҳои начандон калони хароба бостоншиносон П.Самойлик, Е.Салтовская ва Х.Муҳиддинов ҳафриёт намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё