Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз соли 1981 то 1991, яъне дар давоми даҳ сол бо таҳқиқи харобаи Муғтеппа яке аз дастаҳои ЭБКШТ бо сарварии Н.
Раҳимов машғул гардид [2, 137-209; 8,107-115; 9, 10-16].
Дар натиҷаи ҳафриёти мунтазам ва босуботи гурўҳи бостоншиносон бо сарварии Н.Раҳимов имконияти ошкор намудани ҳамаи қабатҳои мадании Муғтеппа ба даст омада, таърихи шаҳри Уротеппа аз давраҳои қадим то охири асри ХІХ ошкор карда шуд. Н.
Неъматов ва Н. Раҳимов пас аз таҳқиқи солҳои тўлонии табақабандии қабатҳои мадании харобаи Муғтеппа ба хулоса омаданд, ки қисми қадимаи шаҳр – Бага (асрҳои ІУ-III-ми т.м.) ба давраҳои ибтидои асримиёнагии Вогати (асрҳои V-ХІІ) мутобиқ буда ва он ба тадриҷ ядрои Уротеппаи асрҳои ХV-ХVI-ро асос гузошт.
Натиҷаи ҳафриёти бисёрсолаи ёдгориҳои номбаркардаи бостоншиносии Шимоли Тоҷикистон барои таҳқиқи амиқи таърихи халқи тоҷик аҳамияти хоса доранд. Дар заминаи маводҳои аз харобаи Нуртеппа, Хуҷанди қадима, Муғтеппа, Ширин (Куркат) ва ёдгориҳои дигар ба даст омада, таърихи табақавии ҷамоаи қадим, оғози маданияти кишоварзии обёриро дар ҳавзаи миёноби рўди Сир ва ҳам зинаҳои аввалини шаҳришавӣ (урбанизация)-ро дар ҳавзаи рўди Сир ва маданияти шаҳриро дар воҳаи номбурда ба пуррагӣ тадқиқ шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи фаъолияти бисёрсолаи ходимони ҳайати
ЭБКШТ дар таҳқиқи шаҳрҳо, кўшкҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва ҳам маданияти моддӣ ва маънавии сокинони қадими онҳо, маводҳои нодир ба даст омаданд. Дар ҷараёни ҳафриёти Кохи афшинҳои Истаравшан осори нотакрори меъморӣ, ҳамчунин шумораи сершумори наққошиҳои рўи деворӣ, пайкарсозӣ, хаккокии рўи чўб ва дигар осори санъат, манзараҳои нотакрори достонҳои ривоятӣ ба даст омаданд, ки кулли онҳоро дар маҷмўъ «Кашфиёти Истаравшан» метавон номид.
Маданияти моддии Истаравшан дорои маҷмаи ёдгориҳои шаҳрӣ, деҳкадаҳо, маҷмаи иншоотҳои ҳарбӣ, кохи шоҳон, дорои кўшкҳои устовори ашрофзодагони маҳаллии сокинони шаҳр ва деҳотҷой, манзилгоҳи сипоҳиён, навои мухталифи дайру оташкадаҳо, ибодатхонаҳои буддоиён, масеҳият, масҷидҳо, осори мазорҳо ва боз чанд меъмориҳои дигари қадима ҳафриёт шуданд.
Ҳоло аз лиҳози илмӣ коркарди маводҳои ЭБКШТ ба анҷом расида аст. Як қисми онҳо дар маҷмўаи даврагӣ «Маданияти моддии Истаравшан» (чопҳои №№1-4) [1] нашр шуд. Нашри дигари ин силсила (№№5-8) дар як асари бунёди таҳти унвони «Истаравшани қадим:
шаҳрҳо, ҷойгирӣ ва даврабандии онҳо»[2, 778] ба анҷом расид.
Дар тўли зиёда аз ним аср роҳбари ғоявии ЭБКТШ академики АМИТ Н.Неъматов (1927-2011) қарор дошт.

пешина
аз 162
навбатӣ