Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз ин рў, нуриҳои нитрогенӣ дар давраи аввали сабзиши растаниҳои лубиёдонагӣ бо меъёри кам истифода бурда мешаванд ва ин имконият медиҳад, ки нуриҳои минералии нит-рогендору воситаҳои техникӣ сарфа карда шаванд. Нитрогени истифода нашуда дар якҷоягӣ бо боқимондаи баргу пояҳо ва силсилаи решагии боқимонда ҳосилхезии хокро баланд бардошта, ба ҳосили зироатҳои пасоянда таъсири мусбӣ расонда, миқдори сафедаи ҳосили онҳоро зиёд мегардонанд. Дар шароитҳои мусоид зироатҳои лубиёдонагӣ метавонанд аз ҳаво 80—100 кг ва аз ин ҳам зиёдтар нитрогенӣ тозаи биологиро фурў баранд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо зироатҳои пешинакишти беҳтарин ба шумор мераванд. Миқдори нитрогенӣ биологии фурўбурдаи зироатҳои лубиёдонагӣ ба намуди зироат, навъ, шароити иқлимию-хокӣ, ба коркарди агротехникӣ алоқаи зич дарад. Аз ин лиҳоз бояд тамоми маҷмўи чорабиниҳои агротехникӣ барои пайдо кардани шароити мусоиди кори фаъоли бактерияҳои лундашакл ва дар давраи нашъунамою ташкили ҳаҷми мўътадили баргҳо равона карда шавад. Яке аз шартҳои асосии пайдоиши бактерияҳои лундашакл дар реша он аст, ки бояд тухмиҳо пеш аз кишт ба воситаи нуриҳои махсуси бактериядор (аз қабили нитроген, ризоторфин) микроболуд карда шаванд. Муҳити бетарафии хок (рН-6-7), намии мўътадили он (70-80% НК-намиғунҷоиши камтарин), ҳарорати мусоид (аз 24-26°С бояд бештар набошад), таъминоти мўътадили растаниҳо бо нуриҳои органикӣ, фосфорию калий ва микронуридор будан ва инчунин аэратсияи фаъоли хок метавонанд, барои фаъолияти хуби бактерияҳои лундашакл шароити мусоид пайдо кунонанд ва бо ин васи-ла фурўбарии нитрогенӣ ҳаворо зиёд гардонанд. Дар шароити номусоид будани фурўбарии нитрогении ҳаво муҳити турушии хок, хушкии он, норасоии моддахои ғизоӣ зироатҳои лубиёдона маҷбур мешаванд, ки талаботи худро ба воситаи нитрогенӣ минералии хок қонеъ гардонанд. Бактерияҳои фаъоли лундашаклро бо ранги кабудча ё сурх-ча фарқ кардан мумкин аст. Дар сурати фаъол набуданашон онҳо ранга сафедча ё сабзи камранг доранд.

пешина
аз 314
навбатӣ