Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Нахуд 24,5 18,5-29,7 47-60 4,0-7,2 2,1-12,8 2,3-4,9
Лубиёи чинӣ 35,0 27,0-50,0 20-32 13,0-27,0 3,0-7,2 4,0-5,8
Боқло 30,0 25,9-33,8 50-55 0,8-1,5 3,0-6,0 2,1-4,0
Дони лубиёдонагиҳо барои саноати озуқаворӣ ашёи хоми қиматбаҳоянд. Онҳо дар шакли обпаз, бирён ва консервӣ истифода мешаванд. Аз дони онҳо ярма, маҳсулоти қаннодӣ, хўрокаи фишурдашудаи озуқаворӣ ва хўрокаи чорво тайёр мекунанд. Зироатҳои лубиёдонагӣ аҳамияти табобатӣ дошта, махсусан барои муолиҷаи касалии қанд, гурдаю ҷигар ва ғайра истифода мешаванд. Аҳамияти лубиёдонагиҳо дар чорводорӣ бароят калон аст. Хўрокаҳое, ки аз онҳо тайёр мекунанд, аз рўи миқдори сафедаашон баробарғизо буда, имконият медиҳанд, ки сарфи онҳо кам шуда, маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ афзояд. Нахуди хурокӣ (мушунг) ва алафҳои мошакро бо зироатҳои ғалладонӣ бо мақсади 'Истеҳсоли хўрокаҳои сабз, силос омехта мекоранд. Чунин омехтаҳо ҳамчун зироатҳои дар зимистон нашьунамокунанда барои тамоми сол пурра истифодабарии заминҳои оби парвариш карда мешаванд.
Кўтоҳии давраи нашъунамои лубиё, мош ва лубиёи чини имконият медиҳанд, ки онҳоро ҳамчун зироатҳои ангорӣ истифода баранд. Вазни хушки биологии лубиёдонагиҳо аз сафеда бой (10-15%) буда, миқдори он нисбат ба хошоки ғалладонагиҳо 3-4 маротиба зиёд аст. Дар заминҳои лалмӣ мушунг боқило ва нахудро ҳамчун ивазкунандаи зироати заминҳои дамдодашуда парвариш кардан мумкин аст. Зироатҳои лубиёдонагӣ дар ғункунии нитроген нақши бағоят калон мебозанд. Дар табиат захираи нитрогени газӣ зиёд аст. Дар сатҳи ҳар гектар замини лалмии обӣ миқдори он ба 80 ҳазор тонн мерасад. Дар асл бошад, ин нитроген барои аксарияти растаниҳои олӣ дастрас нест (Б. А. Ягодин, 1981).
Зироатҳои лубиёдонагиҳо бо ёри бактерияҳои лундашакл, ки ба авлоди Ризобиум мансубанд, дар ҷараёни симбиоз (ҳаёти якҷояи осоиштаи растанӣ ва бактерияҳо) нитрогени озоди муҳитро фуру мебаранд. Бо ин роҳ талаботи асосии (60-70%)-худро бо нитроген қонеъ мегардонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё