Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзуъ: МУШУНГ (2 соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Хусусиятҳои парвариши мушунг.
Мушунг на танҳо чун озуқаворӣ, балки чун хўрокаи чорво низ аҳамият дорад. Дони мушунг ба ҳисоби миёна 24- 28% сафеда, 50-55% моддаҳои экстратии бенитроген, 15%; равған 3,5% оҳар ва 2% хокистар дошта, 1 килограмми он 1,17 вохиди хўрокӣ, 13-15 гр. протеини ҳазмшаванда, 13- 15 гр лизин, 14-17 гр агронин ва дигар аминокислотахои ивазнашаванда дорад. Хошоки мушунг дар таркибаш то 10- 20% сафеда, витаминхои А1 В1, В2, С, намакҳои минералӣ дошта, барои чорво хўрокаи пурқиммат ба шумор меравад.
Дони мушунг дар таом (шурбо, шавла, кисел) ва консервкунонӣ истифода бурда мешавад. Мушунг ҳамчун зироати нитрогенғункунанда аҳамияти калони агротехникӣ дошта, зироати пурбаҳои пешинакишт аст. Мушунгро ҳамчун нурии сабз (сидерат) низ истифода мебаранд.
Мушунг яке аз зироатҳои қадимтарин аст. Тахмин мекунанд, ки ватани мушунги кошташаванда Афғонистону Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Майдони кишти мушунг дар зироаткории ҷахонӣ аз 10 млн. га зиёдтар аст. Дар собиқ, Иттифоқи Шўравӣ мушунг ҳамчун зироати асосии лубиёдонагӣ ба шумор рафта, қариб дар майдони 5 млн. гектар кошта мешуд. Мушунг дар ИМА, Чин, Канада ва ҷумҳуриҳои давлатҳои Муштаракул-манофеъ низ парвариш карда мешавад.
Азбаски мушунг ба гармӣ ва хушкии ҳаво тобовар нест, ба брухус гирифтор шуда, дар шароити Осиёи Марказӣ паҳншавияш маҳдуд мебошад ва асосан чун хўроки чорво парвариш карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё