Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар заминҳои обии Тоҷикистон, мушунг ҳамчун зироати зимистон нашъунамоёбандаи шаклҳои хўрокӣ (нахуди хокистаранг) дар киштҳои омехта бо ғаллагиҳо (сулӣ, ҷав, ҷавдор) ба сифати киштҳои фосилавӣ (мобайнӣ) барои истеҳсоли силос, орди алаф ва ҳамчун хўрокаи сабз парвариш карда мешавад.
ҲОСИЛНОКӢ. Ҳосилнокиаш дар заминҳои лалмӣ аз 5-6 с/га зиёд нест. Дар заминҳои обӣ аз хар як гектар 20-25 с дон мегиранд. Киштҳои тирамоҳии омехтаи мушунг бо ғаллагиҳо то саршавии авҷи кишти пахта метавонанд то 250-300 с баргу пояи сабз диҳанд. Кишти омехтаи мушунг бо ғаллагиҳо дар заминҳои лалмӣ ивазкунандаи заминҳои дамдодашудаи (паразанимающий) хуб аст.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои хўрокии (хокистаранг-) мушунгмушунги маҳаллӣ, Богарный-126 ва Харковский усатний ноҳиябандӣ карда шудаанд.
МУШУНГИ МАҲАЛЛӢ. Ин навъ соли 1963 барои парвариш дар заминҳои лалмӣ ва обии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ (ба ғайр аз ВХБК) ноҳиябандӣ карда шудааст.
Пояи борики печон дошта, баландиаш 120-170 см аст. Гулҳояш хурд буда, рангашон сафеди бунафш ва сурхи бунафш аст. Ғилофакҳояш хамзадаи нугкунд мебошанд. Тухмҳояш сабзи хокистарранг ва хурд буда, вазни 1000 донааш 88-100 гр аст. Мувофиқи маълумотҳои қитъаи навъсанҷии ноҳияи Совет аз заминҳои лалмӣ 12,94 с/га дон ва 161-с/га баргу пояи сабз гирифта шудааст. Ин навъ ба шароитҳои иқлимию-хокии ҷумҳурӣ нағз мутобиқ буда, ба хушкӣ тобовар аст ва донааш аз ғилофакҳо намерезад. Ба касалии брухус кам гирифтор мешавад.
Сифатҳои хўрокиаш нағз буда, дар таркиби хошокаш 18-21% ва донаш- 28,1- 30,8% сафеда дорад.
БОГАРНЫЙ-126. Навъи зимистонист. Дар Пажўҳишгохи «Зироатпарварӣ» аз тарафи муаллифон Холиқов П. ва Литвинов В. Н. бо усули интихоби умумӣ рўёнда шудааст. Соли 1975 онро барои парвариш дар заминҳои лалмӣ ва обии ҳамаи минтақаҳои нахудкории ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё