Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Парвариши лўбиёи чинӣ дар киштгардон бо дигар зироатҳо яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланд аст. Берун аз киштгардон чун якказироат парвариш кардани он боиси паҳншавии касалиҳо, ҳашаротҳо ва алафҳои бегонаи махсус мегардад. Аз ин рў лозим аст, ки лўбиёи чинӣ (дар киштгардон) дар майдонҳое, ки аз касалиҳо, ҳашаротҳо ва алафҳои бегона тозаанд, баъди ғаллагиҳои хўшадор, шолӣ, зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда (ҷуворимакка, ҷуворӣ) сабзавот ва пахта кошта шавад. Як қатор ҳашаротҳои зараррасон (кирми ғўза, тортанаккана) мавҷуданд, ки барои пахта ва лўбиёи чинӣ умумианд. Бинобар ин баъди пахта, ки дар киштзорҳояш ин ҳашаротҳо мавҷуданд лўбиёи чинӣ набояд кошта шавад. Дар ноҳияҳое, ки зироатҳои ғалладонагӣ парвариш карда мешаванд, лўбиёи чинӣ дар майдонҳое, ки барои парвариши зироатҳои лўбиёдонагӣ ҷудо карда шудаанд, парвариш карда мешавад.
Парвариши лўбиёи чинӣ баъди алафҳои лўбиёгӣ, лўбиёдонагиҳо, офтобпараст, лаблабуи қанд тавсия намешавад, чунки ин зироатҳо бо лўбиёи чинӣ касалиҳои умумӣ - замбўруғӣ доранд. Дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон дар шароити заминҳои обӣ лўбиёи чиниро ҳамчун зироати ангорӣ-пас аз ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ ва ҷуворимаккаи баҳорӣ ба таври васеъ парвариш намуда, 20-25 с/га дон гирифтан мумкин аст. Ин таҷриба дар шароити истеҳсолии як қатор хоҷагиҳои водии Вахш ва Ҳисор исбот шудааст.
Барои яксара намнок шудани хок ва парвариши лўбиёи чинӣ майдонҳои тахту ҳамвор ҷудо карда мешаванд. Киштҳои лўбиёи чинӣ аз кишти зироатҳое, ки ҳашаротҳои умумӣ доранд, бояд дар масофаи на камтар ва 500-600 м дуртар ҷойгир карда шаванд.
Лўбиёи чинӣ аз ҳисоби нитрогени биологие, ки дар боқимондаи пояҳо ва силсилаи решагиаш ғун шудааст, ҳосилхезии хокро баланд бардошта, ҳосилнокии зироатҳои баъди вай парваришёбандаро афзун мекунад.
Дар таҷрибаҳаи махсус (Набиев Т.Н.), ки дар заминҳои обии колхози «Ватан»-и ноҳияи Ҳисор гузаранида шудаанд, ҳосилнокии пахтаи баъди лўбиёи чинӣ кошташуда, нисбат ба пахтаи баъди пахта кошташуда 8,6 с/га зиёд ва гирифторшавии растаниҳо ба касалии вилт 8,7-9,7% кам шудааст.

пешина
аз 314
навбатӣ