Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ТАЙЁР КАРДАНИ ХОК. Лўбиёи чинӣ ба сифати тайёр кардани хок ба кишт талаботи зиёд дорад. Барои парвариши лўбиёи чинӣ низоми коркарди муҳофизатӣ ва намизахиракунандагии хок қабул карда шудааст. Коркарди хок вобаста ба шароити хокию-иқлимӣ ва зироати пешинакишт гузаронида мешавад. Шудгори чуқури хушсифати тирамоҳии дар мўҳлатҳои мувофиқ гузаронидашуда имконият медиҳад, ки силсилаи решагии пурқувват инкишоф ёбад, моддаҳои ғизогӣ ва захираҳои намӣ самаранок истифода бурда шаванд.
Шудгор дар чуқурии 30-35 см, бо испорҳои бо асбоби хокчаппакунандаи пешпочадор, гузаронида мешавад. Дар ҳолати пас аз зироатҳои ғаллагии хўшадор коштани омехтаи лўбиёгиҳою ғаллагиҳо барои хўрокаҳои сабз 15-20 рўз пеш аз шудгор, майдонҳоро дар чуқурии 8-12 см бо мошинаҳои махсуси (лушилник) тамғаи ЛДГ-10, ЛДГ-15 шиббағелон мекунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ майдонҳо ҳамвор карда мешаванд. Бо мақсади нигоҳ доштани намӣ баҳорон майдонҳои шудгоршударо дар самти кўндалангӣ шудгору сихмола мекунанд. Коркарди хок дар баҳорон бояд кулўхчаҳои хокро майда, алафҳои бегонаро нобуд намуда, ба яксара пайдошавии майсаҳо мусоидат кунад.
Бо мурури расиши физикии хок онро ба воситаи чархмолак ё нармкунакҳо дар чуқурии 5-6 см муштарак бо сихмолаҳо, бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоиди зери хок кардани тухмиҳо ва нешзаданашон нарм мекунанд. Дар ИМА баҳорон хокро сихмола карда, 3-4 ҳафта пас аз сабзидани тухмҳои алафҳои бегона пеш аз кишт коркард мегузаронанд.
Коркарди хоки киштҳои ангории лўбиёи чинӣ ба ҷуворимаккаи ангорӣ монанд аст.
НУРИҲО. Лўбиёи чинӣ ба нуриҳо талаботи калон дорад. Ба мақсад мувофиқ аст, ки нуриҳоро бо усули ҳисобӣ, барои гирифтани ҳосили тарҳрезишуда истифода баранд. Барои пайдо шудани 1 с дон ва мутаносибан баргу пояҳои зарурии пайдошуда, лўбиёи чинӣ аз хок 7-8 кг нитроген, 2,5-3 кг фосфор, 6-7 кг калийро меҷаббад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё