Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Боқило зироати беҳтарини асаловар буда, барои ғаллагиҳо зироати пешинакишти хуб аст. Боқилоро ҳамчун нурии сабз низ истифода мебаранд. Дар истехсолот киштҳои омехтаи он бо дигар зироатҳо (ҷуворимакка) паҳн шудаанд.
Боқило (викиа хаба) ба зироатҳои лўбиёдонагии оилаи фавасеае мансуб буда, аз мамлакатҳои баҳри Миёназамин баромада, ватанаш Африкаи шимолӣ аст. Намуди киштшавандаи фава вулгарис Моен буда, растании яксолаи алафӣ мебошад.
Решаи он тирреша буда, дарозиаш то ба 1,5 м мерасад. Пояаш мустаҳкаму рост мебошад ва баландиаш то 1-1,5 м аст. Баргҳояш аз 2-4 ҷуфт баргчаҳо иборатанд. Тўдагулаш шингил аст. Ранги гулаш сафед (баъзан гулобӣ) буда, дар канорҳояш доғҳои сиёҳ дорад. Ғилофакҳояш калон-3,6 дон дошта, дар вақти пухтан бурранг ва ё сиёҳ мешаванд. Тухмаш аз рўи андоза, шакл ва ранг фарқ дорад. Андозаи он калон, миёна ва хурд (аз 0,7 то 3 см) аст. Вазни 1000 донаи навъи майдадонааш 250-500 ва аз калондонааш 1000-1200 гр. аст. Намудҳои майда ва миёнадонааш бештар паҳн шудаанд. Боқило дар ноҳияҳои намнокиашон басанда- Давлатҳои назди Балтика, Белоруссия, Украина, Қафқоз ва дигар минтақаҳо парвариш карда мешавад. Дар .минтақаҳое, ки иқлими гарму хушк (Осиёи Миёна) доранд, ба таври васеъ паҳн нашудааст, чунки чунин шароит ба растаниҳо таъсири бад мерасонад. Боқило ба намӣ серталаб аст. Коэффисенти транспиратсиониаш 700-800 аст. Боқкило ба растаниҳои дарозрўз мансуб мебошад. Ба хунукӣ тобовар буда, гармиро кам талаб мекунад. Тухми он дар ҳарорати 4-5°С тоб меоранд.
Дар Тоҷикистон боқилоро аҳолии маҳаллӣ аз қадим парвариш мекунанд. Дар Вилояти худмухтори Бадахшони Кўҳӣ (ВХБК) аксар вақт он бо ҷавдор омехта кошта мешавад. Чунки дар чунин киштҳои омехта растаниҳо аз ширинчаҳо камтар зарар мебинанд. Аз дони куфташудаи он таомҳои гуногун тайёр мекунанд. Дар соли 1995 ин зироат дар майдони 258 гектар кошта мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё