Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар Помир навъҳои майдатухми маҳаллии боқило парвариш карда мешаванд, ки вазни 1000 донааш 300-500 грамм буда, давраи нашъунамояш 110-120 рўз аст.
Ҳосили баланди дони боқило (то 60 с/га) дар Эстония гирифта шудааст. Дар Помир ҳосили миёнаи ин зироат 14-15 с/га-ро ташкил мекунад.
Дар хоҷагии пешқадами «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ишкошим 25-30 с/га хосил гирифта шудааст. Ҳосили баргу пояи сабзаш 300-350 с/га-ро ташкил медихад.
ХУСУСИЯТҲОИ АГРОТЕХНИКӢ. Боқилоро дар кишгардонҳо баъди зироатҳои ғалладонагии хўшадори нуриандохташуда (картошка, ҷуворимакка, лаблабу) мекоранд. Боқило ба нуриҳои минералӣ талаботи зиёд дорад. Пеш аз шудгор ба хок 19-20 т/га пору, 50-60 кг/га фосфор, 40 кг/га м. т. калий мепошанд. Тухмиҳоро пеш аз кишт бо заҳрдоруи ТМТД 80% х. т. -0,3-0,4 кг/тонна захролуд мекунанд. Коркарди пешазкиштии боқило ба нахўд монанд аст. Баҳор ҳангоми фарорасии 5-6°С гармӣ дар чуқурии зери хоккунии тухмӣ ба кишти боқило шурўъ мекунанд. Дар сурати дер мондан аз мўҳлати аниқи кишт ҳосилнокӣ, миқдори сафеда ва равғаннокии он кам мешавад. Боқилоро бо усули васеъқатораи байни қаторҳояш 45-60 см мекоранд. Онро бо усули тасмашакли дуқатора (60 x15 см) низ коридан мумкин аст. Меъёри тухмӣ барои киштҳои васеъқатора 0,4-0,5 млн/га дони қобилияти нешзанидоштаро ташкил медиҳад. Тухмиҳо дар чуқурии 6-8 см ва дар хокҳои сабук аз рўи таркиби механикиашон аз ин ҳам чуқуртар зери хок карда мешаванд.
УСУЛҲОИ НИГОҲУБИН. Барои нигоҳубини киштҳои боқило чорабиниҳои зерини агротехникӣ андешида мешаванд:
шиббағелонкунии майдонҳо баъди кишт, мубориза бар зидди сафолак, дар давраи 2-3 барг-доршавӣ сихмола кардани киштзорҳо, 2-3 коркарди байни қаторӣ (дар давраи 4-5 баргдоршавӣ, минбаъд баъди 15-20 рўз).
Боқилоро 6-7 маротиба бо меъёри 600-700 м3/га об мемонанд.
Бар зидди алафҳои бегона заҳрдоруи прометрин (3- 4 кг/га) пошида мешавад. Ин усулро то пайдо шудани майсаҳо бояд ба анҷом расонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё